Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 5:14 - Китоби Муқаддас 1992 1999

14 Зани ӯ Зораш ва ҳамаи дӯстони ӯ гуфтанд: «Доре ба баландии панҷоҳ зироъ бисозанд, ва пагоҳӣ ба подшоҳ бигӯй, ки Мордахайро бар он биовезанд, ва шодон ҳамроҳи подшоҳ ба зиёфат бирав». Ва ин сухан дар назари Ҳомон писанд афтод, ва ӯ доре сохт.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 5:14
22 Iomraidhean Croise  

Ва Аҳитӯфал ба Абшолӯм гуфт: «Назди сурриягони падарат, ки барои нигоҳубини хона гузоштааст, дохил шав, ва тамоми Исроил хоҳанд шунид, ки барои падарат нафратангез гардидаӣ, ва он гоҳ дасти ҳамаи онҳое ки ҳамроҳи ту ҳастанд, қавӣ хоҳад шуд».


Ҳанӯз касе мисли Аҳъоб набуд, ки ӯ худро фурӯхт, то он чиро, ки дар назари Худованд бад аст, ба амал оварад, ки ба ин амал ӯро занаш Изобал барангехт.


Ва занаш Изобал ба ӯ гуфт: «Оё ту алҳол бар Исроил чунин салтанат меронӣ? Бархез ва хӯрок бихӯр, ва бигзор дили ту хуш бошад: ман токзори Нобӯти изреъилиро ба ту хоҳам дод».


Ва подшоҳ гуфт: «Кист дар саҳн?» Ва Ҳомон ба саҳни берунии хонаи подшоҳ омада буд, то ба подшоҳ бигӯяд, ки Мордахайро ба доре ки барояш сохта буд, биовезанд.


Валекин ман мисли кар намешунавам, ва мисли гунге ҳастам, ки даҳонашро намекушояд;


Барои он ки тамоми ҳамду санои Туро баён намоям: дар наҷоти Ту хурсандӣ хоҳам кард.


Валекин онҳо барои рехтани хуни худ камин мегиранд ва аз паи ҷонҳои худ мепоянд.


Чунки, агар бадӣ накунанд, хобашон намебарад, ва агар касеро пешпо надиҳанд, хобашон мегурезад,


Агарчи доварии Худоро медонанд, ки кунандагони чунин корҳо сазовори марганд, бо вуҷуди ин на фақат худашон ин корҳоро мекунанд, балки кунандагони дигарро низ таҳсин менамоянд.


Пойҳошон барои хунрезӣ шитобон аст;


Ва сокинони ҷаҳон аз ин шод ва хурсанд шуда, ба якдигар инъомҳо хоҳанд фиристод, чунки ин ду набӣ сокинони ҷаҳонро азият додаанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan