13 Валекин ҳамаи ин дар назари ман ҳеҷ қимате надорад, то даме ки Мордахаи яҳудиро назди дарвозаи подшоҳ нишаста мебинам».
Онҳое ки бо Зарубобил, Ешуа, Наҳемьё, Сароё, Раэлоё, Мордахай, Билшон, Миспор, Биҷвай, Раҳум ва Баано омаданд. Шумораи одамони қавми Исроил:
Ва Ҳомон дар он рӯз хурсанд ва хушдил шуда берун омад, вале вақте ки Ҳомон Мордахайро назди дарвозаи подшоҳ дид, ки пеши ӯ намехезад ва аз ҷояш намеҷунбад, Ҳомон бар Мордахай пур аз ғазаб шуд.
Шарир дар тамоми рӯзҳои худ гирифтори сӯзу гудоз аст, ва солҳои башумор барои ситамгар таъин шудааст.
Эй, ки ҷони худро дар ғазаби худ медарӣ! Наход ки барои ту замин хароб шавад, ва кӯҳпора аз ҷояш кӯч кунад?
Дӯстонам ва ёронам аз офати ман канор шудаанд, ва хешовандонам дур истодаанд.
Ҳамаи корҳоеро, ки дар таҳти офтоб карда мешавад, дидам, ва инак, ҳама ҳеҷу пуч ва бод паймудан аст!
Ҳеҷу пуч аст, гуфт Воиз, ҳеҷу пуч аст, ҳама чиз ҳеҷу пуч аст!