Ва Мордахай аз ҳузури подшоҳ бо либоси хисравонаи лоҷвард ва сафед, ва бо афсари бузурги тилло, ва бо қабои катони арғувонӣ берун омад, ва аҳли шаҳри Шушан шод ва хурсанд шуданд.
Дар ҳамон соат ин чиз бар Набукаднесар ба амал омад, ва ӯ аз миёни одамон бадар ронда шуд, ва мисли говон алаф хӯрд, ва аз шабнами осмон баданаш тар шуд, ба тавре ки мӯйҳояш мисли парҳои уқоб, ва нохунҳояш мисли чанголи мурғон калон шуд.