10 Валекин Ҳомон худдорӣ карда, ба хонаи худ омад, ва кас фиристода, дӯстони худ ва зани худ Зорашро даъват намуд.
Ва Юсуф пеши ҷамоате ки дар хузураш истода буданд, дигар худдорӣ карда натавонист, ва нидо кард: «Ҳамаро аз пеши ман берун бароред!» Ва касе назди Юсуф намонд, вақте ки ӯ худро ба бародаронаш шиносонид.
Ва Ҳомон ба онҳо фаровонии сарвати худ ва бузургии писарони худро, ва тамоми шавкатеро, ки подшоҳ ба ӯ ато намуда, ӯро бар мирон ва маъмурони подшоҳ баланд бардоштааст, ҳикоят кард,
Ва Ҳомон ба зани худ Зораш ва ба ҳамаи дӯстони худ ҳар он чиро, ки ба ӯ воқеъ шуда буд, ҳикоят кард, ва ҳакимонаш ва занаш Зораш ба ӯ гуфтанд: «Агар Мордахай, ки пеши вай ба фурӯ ғалтидан сар кардаӣ, аз насли яҳудиён бошад, бар вай ғолиб нахоҳӣ шуд, балки ҳатман пеши вай фурӯ хоҳӣ ғалтид».
Дар рӯҳи худ ба хашм гирифтан шитоб накун, чунки хашм дар синаи аблаҳон қарор меёбад.