Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 5:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Дар рӯзи сеюм Эстер либоси хисравона пӯшида, дар саҳни дарунии хонаи подшоҳ рӯ ба рӯи дарбори подшоҳ биистод, ва подшоҳ бар тахти хисравии худ дар дарбори хисравӣ рӯ ба рӯи даромадгоҳи хона нишаста буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 5:1
14 Iomraidhean Croise  

Ки Ваштии маликаро бо афсари хисравӣ ба ҳузури подшоҳ биёваранд, то ки зебоии варо ба қавмон ва мирон нишон диҳад, зеро ки вай хушрӯй буд.


Марди яҳудие дар Шушани пойтахт буд, ва номаш Мордахай ибни Ёир, ибни Шимъӣ, ибни Қиши биньёминӣ буд,


«Ҳамаи маъмурони подшоҳ ва қавми вилоятҳои подшоҳ медонанд, ки барои ҳар мард ва зане ки назди подшоҳ ба саҳни дарунӣ биёяд, бе он ки даъват шуда бошад, фақат як қонун ҳаст, ки бояд қатл карда шавад, ба ҷуз касе ки подшоҳ чӯбдасти тиллоро сӯи вай дароз кунад, то ки зинда монад; инак сӣ рӯз аст, ки ман даъват нашудаам, ки назди подшоҳ биёям».


«Бирав ва ҳамаи яҳудиёнро, ки дар Шушан мебошанд, ҷамъ кун, ва барои ман рӯза дошта, се рӯз, шабонаю рӯзона, чизе нахӯред ва нанӯшед; ман низ бо канизони худ ҳамчунин рӯза хоҳам дошт, ва ба ин тариқ назди подшоҳ хоҳам омад, гарчанде ки ин бар хилофи қонун аст, ва агар талаф шавам, бигзор талаф шавам».


Ва Мордахай рафта, ончунон ки Эстер ӯро амр фармуда буд, амал кард.


Ва подшоҳ гуфт: «Кист дар саҳн?» Ва Ҳомон ба саҳни берунии хонаи подшоҳ омада буд, то ба подшоҳ бигӯяд, ки Мордахайро ба доре ки барояш сохта буд, биовезанд.


Ва Мордахай аз ҳузури подшоҳ бо либоси хисравонаи лоҷвард ва сафед, ва бо афсари бузурги тилло, ва бо қабои катони арғувонӣ берун омад, ва аҳли шаҳри Шушан шод ва хурсанд шуданд.


Инак, Ман шуморо монанди гӯсфандон ба миёни гургон мефиристам. Пас, мисли морон зирак ва мисли кабӯтарон содда бошед.


Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани марде ки сару либоси нарм дар бар дорад? Онҳое ки сару либоси нарм дар бар доранд, дар қасрҳои подшоҳонанд.


Пас бифармо, ки қабрро то рӯзи сеюм посбонӣ кунанд, то шогирдонаш шабона Ӯро дуздида, ба қавм нагӯянд, ки аз мурдагон эҳьё шуд; ва фиреби охирин аз аввалин бадтар шавад».


То ки шумо дар Малакути Ман дар сари суфраи Ман бихӯред ва бинӯшед, ва шумо бар тахтҳо нишаста, бар дувоздаҳ сибти Исроил доварӣ хоҳед кард».


Касе ки ғолиб ояд, ба вай ато хоҳам кард, ки бо Ман бар тахти Ман биншинад, чунон ки Ман низ ғолиб омада, бо Падари Худ бар тахти Ӯ нишастам.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan