Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 4:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва дар ҳар вилоят ва мавзеъ, ки амри подшоҳ ва қонуни ӯ расида буд, барои яҳудиён мотами бузург ва рӯзадорӣ ва гирья ва овозандозӣ буд; палос ва хокистар барои бисьёр касон бистар шуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 4:3
20 Iomraidhean Croise  

Ва воқеъ шуд дар айёми Аҳашверӯш, — ҳамон Аҳашверӯш, ки аз Ҳинд то Ҳабаш бар саду бисту ҳафт вилоят подшоҳӣ мекард, —


Ва котибони подшоҳ дар моҳи якум, дар рӯзи сездаҳуми он, даъват шуданд, ва мувофиқи ҳар он чи Ҳомон амр фармуд, ба волиёни подшоҳ ва ба ҳокимони ҳар вилоят ва ба мирони ҳар қавм, ба ҳар вилоят бо хати он ва ба ҳар қавм бо забони он навишта шуд: аз номи подшоҳ Аҳашверӯш навишта ва бо нигини подшоҳ мӯҳр карда шуд.


«Бирав ва ҳамаи яҳудиёнро, ки дар Шушан мебошанд, ҷамъ кун, ва барои ман рӯза дошта, се рӯз, шабонаю рӯзона, чизе нахӯред ва нанӯшед; ман низ бо канизони худ ҳамчунин рӯза хоҳам дошт, ва ба ин тариқ назди подшоҳ хоҳам омад, гарчанде ки ин бар хилофи қонун аст, ва агар талаф шавам, бигзор талаф шавам».


Ва то ба пеши дарвозаи подшоҳ расид, зеро мумкин набуд, ки касе палос дар тан ба дарвозаи подшоҳ дарояд.


Ва чун канизони Эстер ва хоҷасароёни вай омада, ба вай хабар доданд, малика бағоят музтариб шуд, ва либос фиристод, то ки Мордахайро бипӯшонанд ва палосашро аз ӯ дур кунанд, вале ӯ қабул накард.


То ки ин рӯзҳои пуримро дар замони онҳо риоя намоянд, чунон ки барояшон Мордахаи яҳудӣ ва Эстери малика барқарор кардаанд, ва чунон ки худашон барои худ ва барои насли худ айёми рӯзадориҳо ва фиғонашонро муқаррар намудаанд.


Ва ӯ сафолпорае гирифт, то ки худро бо он бихорад, дар ҳолате ки андаруни хокистар нишаста буд.


Ва Худованд, Худованди лашкарҳо, дар он рӯз шуморо ба гиристан ва навҳа кардан ва мӯйсар гирифтан ва палос пӯшидан даъват намудааст.


Бинобар ин мегӯям: «Аз ман дур шавед, ман зор‐зор хоҳам гирист; барои тасаллӣ додани ман дар бораи таҳлукаи духтари қавми ман саъю кӯшиш накунед».


Оё чунин аст рӯзае ки гузидаи Ман бошад, — рӯзе ки одамизод ҷонашро азоб медиҳад? Оё ин барои он аст, ки кас сари худро мисли най хам созад, ва палосу хокистар зери худ андозад? Оё инро рӯза ва рӯзи писандидаи Худованд мехонӣ?


Ва дар ҳаққи ту овози худро баланд карда, бо талхӣ фарьёд мезананд, ва хок бар сари худ рехта, дар хокистар меғеланд;


Ва ман рӯи худро сӯи Худованд Худо нигаронидам, то ки бо дуо ва тазаррӯъҳо, ба василаи рӯзадорӣ ва палос ва хокистар илтимос намоям.


Ва ин гап ба гӯши подшоҳи Нинве расид, ва ӯ аз тахти худ бархоста, ҷомаи салтанатро аз худ дур кард, ва палос пӯшида, бар хокистар нишаст,


Ва онҳоро ба кӯраи оташ хоҳанд андохт; дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд.


Подшоҳ ба ходимони худ гуфт: „Дасту пои вайро баста, ба зулмоти берун бароварда партоед: дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд“.


Ва он ғуломи нобакорро ба зулмоти берун бароварда партоед: дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд“.


Ва Еҳушаъ либосҳояшро чок зад, ва пеши сандуқи Худованд то шом рӯ ба замин афтод, — ӯ ва пирони Исроил, — ва хок бар сари худ пошиданд.


Ва қосидон ба Ҷибъои Шоул омада, ин суханонро ба гӯши қавм расониданд; ва тамоми қавм овози худро баланд карда, гиристанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan