Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 4:14 - Китоби Муқаддас 1992 1999

14 Балки, агар дар ҳамин вақт хомӯш бимонӣ, вусъат ва халосӣ аз ҷои дигар падид хоҳад омад, вале ту ва хонадони падарат талаф хоҳед шуд, ва кист бидонад, ки оё барои чунин вақт ба салтанат нарасидаӣ?»

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 4:14
31 Iomraidhean Croise  

Ва Иброҳим номи он маконро Адӯной‐йирэ хонд; бинобар ин то имрӯз гуфта мешавад: «Дар кӯҳи Худованд бояд ҳозир шавад».


Ва Худованд раҳокунандае ба Исроил дод, ва онҳо аз зери дасти Арам берун омаданд, ва банӣ‐Исроил дар хаймаҳои худ мисли дирӯз ва парирӯз сокин шуданд.


Ва онҳо ба ӯ гуфтанд: «Ҳизқиё чунин мегӯяд: „Имрӯз рӯзи мусибат ва ҷазо ва нанг аст, зеро ки кӯдакон то даҳани бачадон расидаанд, вале қуввати зоидан нест.


Зеро ки мо бандагонем, вале Худои мо дар бандагии мо ҳам моро тарк накардааст, балки марҳамати худро пеши подшоҳони Форс бар мо нигаронидааст: ба мо ато фармудааст, ки умр ба сар бурда, хонаи Худои моро барпо намоем ва харобазори онро аз нав барқарор кунем, ва Ӯ дар Яҳудо ва Ерусалим қалъае ба мо бахшидааст.


Вале ман гуфтам: «Оё шахсе мисли ман метавонад бигрезад? Ва кист мисли ман, ки вориди маъбад шавад ва зинда монад? Ман нахоҳам рафт!»


Ва чун навбати Эстер, духтари Абиҳоили амаки Мордахай, ки ӯ варо духтархонд карда буд, расид, ки назди подшоҳ биёяд, вай чизе талаб накард, магар ки он чи Ҳеҷои хоҷасарои подшоҳ ва нигаҳбони занон гуфта буд. Ва Эстер дар назари ҳар касе ки варо медид, илтифот пайдо мекард.


Ва подшоҳ Эстерро бештар аз ҳамаи занон дӯст дошт, ва ба ҳузури ӯ вай бештар аз ҳамаи дӯшизагон меҳр ва илтифот пайдо кард; ва ӯ тоҷи хисравонаро бар сари вай гузошта, варо ба ҷои Ваштӣ малика гардонд.


Ва ӯ мураббии Ҳадаса, яъне Эстери амакбачаи худ буд, чунки вай падару модар надошт; ва ин духтар хушандом ва хушрӯй буд, ва баъд аз вафоти падару модараш варо Мордахай барои худ духтархонд карда буд.


Мордахай гуфт, ки ба Эстер чунин ҷавоб гардонанд: «Дар дили худ гумон накун, ки дар хонаи подшоҳ аз миёни ҳамаи яҳудиён раҳо хоҳӣ шуд,


Ва Эстер гуфт, ки ба Мордахай чунин ҷавоб гардонанд:


Маро намегузорад, ки нафаси худро рост кунам, балки маро аз талхиҳо сер мекунад.


Вақте барои даррондан, ва вақте барои дӯхтан; вақте барои хомӯш мондан, ва вақте барои сухан рондан.


Ва подшоҳон мураббиёни ту, ва маликаҳошон дояҳои ту хоҳанд буд; рӯй бар замин ниҳода, ба ту саҷда хоҳанд кард, ва хоки пои туро хоҳанд лесид; ва ту хоҳӣ донист, ки Ман Худованд ҳастам, ва умедворони Ман хиҷил нахоҳанд шуд».


Ҳар олате ки бар зидди ту сохта шавад, муваффақият нахоҳад ёфт; ва ҳар забонеро, ки бар зидди ту ба мурофиа бархезад, айбдор хоҳӣ кард. Ин аст насибаи бандагони Худованд, ва сафед кардани онҳо аз ҷониби Ман аст», — мегӯяд Худованд.


Зеро Ман бо ту ҳастам, — мегӯяд Худованд, — то ки туро наҷот диҳам; зеро Ман ҳамаи халқҳоеро, ки дар миёнашон туро пароканда намудаам, талаф хоҳам кард, аммо туро талаф нахоҳам кард, балки туро аз рӯи инсоф ҷазо хоҳам дод, вале туро тамоман беҷазо нахоҳам мононд.


Ту, эй бандаи Ман Яъқуб, натарс, — мегӯяд Худованд, — зеро Ман бо ту ҳастам; зеро Ман ҳамаи халқҳоеро, ки дар миёнашон туро пароканда намудаам, талаф хоҳам кард, аммо туро талаф нахоҳам кард, балки туро аз рӯи инсоф ҷазо хоҳам дод, вале туро тамоман беҷазо нахоҳам мононд».


Ва Ман аҳди Худро, ки бо Яъқуб бастаам, ба ёд хоҳам овард, ва аҳди Худро, ки бо Исҳоқ бастаам, ва аҳди Худро, ки бо Иброҳим бастаам, ба ёд хоҳам овард, ва ин заминро ба ёд хоҳам овард.


Ва Ман ба ту мегӯям: ту Петрус ҳастӣ, ва бар ин сахра Ман калисои Худро бино мекунам, ва дарвозаҳои дӯзах бар он ғолиб нахоҳад шуд;


Ва агар он айём кӯтоҳ намешуд, ҳеҷ касе наҷот намеёфт; лекин аз барои баргузидагон он айём кӯтоҳ хоҳад шуд.


Зеро ки Худованд доди қавми Худро хоҳад ситонид, ва бар бандагони Худ шафқат хоҳад кард, чун бубинад, ки онҳо аз ҳол рафтаанд, ва ҳеҷ кас — на ғуломе, на озоде — боқӣ намондааст.


Ва фалиштиён гуфтанд: «Кист, ки ин корро кардааст?» Ва гуфтанд: «Шимшӯн, домоди он сокини Тимно, ки зани ӯро гирифта, ба ёри ӯ дода буд». Ва фалиштиён омада, он занро бо якҷоягии падараш ба оташ сӯзониданд.


Аммо Худованд ба хотири исми бузурги Худ қавми Худро тарк нахоҳад кард, зеро Худованд азм намудааст, ки шуморо барои худ қавм гардонад.


Ва Довуд гуфт: «Ман чӣ кардаам? Фақат сухане гуфтаам».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan