13 Мордахай гуфт, ки ба Эстер чунин ҷавоб гардонанд: «Дар дили худ гумон накун, ки дар хонаи подшоҳ аз миёни ҳамаи яҳудиён раҳо хоҳӣ шуд,
Вақте ки суханони Эстерро ба Мордахай хабар доданд,
Балки, агар дар ҳамин вақт хомӯш бимонӣ, вусъат ва халосӣ аз ҷои дигар падид хоҳад омад, вале ту ва хонадони падарат талаф хоҳед шуд, ва кист бидонад, ки оё барои чунин вақт ба салтанат нарасидаӣ?»
Касе ки ҷони худро дӯст дорад, онро барбод медиҳад; ва касе ки аз ҷони худ дар ин ҷаҳон нафрат кунад, то ҳаёти ҷовидонӣ онро нигоҳ ҳоҳад дошт.
Зеро ки ӯ барои кори Масеҳ ба мурдан наздик буд ва ҷонашро дар зери хатар монд, то ки камии хизмати шуморо барои ман пур кунад.
Дар бораи Ӯ фикр кунед, ки аз дасти гуноҳкорон ба чунин хорӣ тоб овард, то ки шумо дар ҷонҳои худ хаста ва суст нашавед.