1 Ва Мордахай аз он чи воқеъ шуда буд, огоҳӣ ёфт, ва Мордахай либоси худро чок зада, палос ва хокистар дар бар кард, ва андаруни шаҳр рафта, фиғони азим ва талхе баровард.
Ва дар ҳар вилоят ва мавзеъ, ки амри подшоҳ ва қонуни ӯ расида буд, барои яҳудиён мотами бузург ва рӯзадорӣ ва гирья ва овозандозӣ буд; палос ва хокистар барои бисьёр касон бистар шуд.
«Вой бар ҳоли ту, эй Кӯрозин! Вой бар ҳоли ту, эй Байт‐Сайдо! Зеро агар мӯъҷизоте ки дар шумо зоҳир шуд, дар Сӯр ва Сидӯн зоҳир мешуд, кайҳо палоспӯш ва хокистарнишин шуда, тавба мекарданд;