Ва Ҳомон ба подшоҳ Аҳашверӯш гуфт: «Қавме парешон ва пароканда дар миёни қавмҳо дар ҳамаи вилоятҳои мамлакати ту ҳастанд, ва қонунҳошон аз ҳар қавм фарқ дорад, ва қонунҳои подшоҳро ба ҷо намеоваранд, ва подшоҳро норавост, ки онҳоро чунин вогузорад.
Ва Мордахай аз ҳар чи ба ӯ рӯй дода буд, ва аз маблағи нуқрае ки Ҳомон барои нест кардани яҳудиён ба хазоини подшоҳ баркашида доданӣ шуда буд, ӯро хабардор кард,