Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 3:7 - Китоби Муқаддас 1992 1999

7 Дар моҳи якум, ки моҳи нисон бошад, дар соли дувоздаҳуми подшоҳ Аҳашверӯш, дар ҳузури Ҳомон барои ҳар рӯз ва ҳар моҳ пур — яъне қуръа — партофтанд, ва он ба моҳи дувоздаҳум, ки моҳи адор бошад, афтод.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 3:7
13 Iomraidhean Croise  

Ва дар замони подшоҳии Аҳашверӯш, дар ибтидои подшоҳии ӯ, бӯҳтоне дар ҳаққи сокинони Яҳудо ва Ерусалим навиштанд.


Ва ин хона то рӯзи сеюми моҳи адор, дар соли шашуми салтанати подшоҳ Дорьёвеш ба анҷом расид.


Ва дар моҳи нисон, дар соли бистуми подшоҳ Артаҳшасто, воқеъ шуд, ки пеши ӯ шароб буд, ва ман шаробро гирифта, ба подшоҳ додам, ва пеш аз ин дар ҳузури ӯ ғамгин набудам.


Ва дар соли сеюми подшоҳии худ ӯ барои ҳамаи мирон ва маъмуронаш базм барпо кард, ва сипоҳиёни Форс ва Модай, аъёну ашроф ва ҳокимони вилоятҳо дар ҳузури ӯ буданд,


Ва Эстерро назди подшоҳ Аҳашверӯш, ба хонаи хисравии ӯ, дар моҳи даҳум, ки моҳи тевет бошад, дар соли ҳафтуми подшоҳии ӯ гирифта оварданд.


Ва дар моҳи дувоздаҳум, ки моҳи адор бошад, дар рӯзи сездаҳуми он, ки вақти ба амал овардани амри подшоҳ ва қонуни ӯ расида буд, дар рӯзе ки душманони яҳудиён умед доштанд бар онҳо ҳукмфармо шаванд, вале акси он ба амал омада, яҳудиён бар адуёни худ ҳукмфармо шуданд:


То онҳоро ӯҳдадор намояд, ки рӯзи чордаҳуми моҳи адор ва рӯзи понздаҳуми онро ҳар сол ид кунанд,


Ва яҳудиён ҳамаи душманони худро ба зарби шамшер заданд, ва куштанд, ва талаф намуданд, ва ба адуёни худ мувофиқи дилхоҳи худ амал карданд.


Қуръа дар доман партофта мешавад, вале ҳар натиҷаи он аз Худованд аст.


Ононе ки Ӯро маслуб карданд, либоси Ӯро қуръа партофта тақсим карданд, то ба амал ояд каломе ки бо забони набӣ гуфта шудааст: «Сару либоси Маро дар миёни худ тақсим карданд ва бар пероҳани Ман қуръа партофтанд».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan