Ва Ҳомон дар он рӯз хурсанд ва хушдил шуда берун омад, вале вақте ки Ҳомон Мордахайро назди дарвозаи подшоҳ дид, ки пеши ӯ намехезад ва аз ҷояш намеҷунбад, Ҳомон бар Мордахай пур аз ғазаб шуд.
Он гоҳ Набукаднесар бар Шадрак, Мешак ва Абднаҷу пур аз ғазаб гардид, ва намуди рӯяш дигаргун шуд, ва хитоб намуда, амр фармуд, ки кӯраро аз оташи муқаррарӣ ҳафтчандон бештар оташ дардиҳанд.