3 Ва маъмурони подшоҳ, ки назди дарвозаи подшоҳ буданд, ба Мордахай мегуфтанд: «Чаро ту аз амри подшоҳ сар мепечӣ?»
Ва ҳангоме ки дӯшизагон бори дуюм ҷамъ оварда шуданд, Мордахай назди дарвозаи подшоҳ менишаст.
Ва ҳамаи маъмурони подшоҳ, ки назди дарвозаи подшоҳ буданд, ба Ҳомон зону мезаданд ва саҷда мебурданд, зеро ки подшоҳ дар ҳаққи ӯ чунин амр фармуда буд, вале Мордахай зону намезад ва саҷда намебурд.
Ва азбаски рӯз ба рӯз ба ӯ мегуфтанд, ва ӯ ба онҳо гӯш намедод, аз ин рӯ ба Ҳомон хабар доданд, то бубинанд, ки оё Мордахай метавонад ба суханонаш исрор намояд, зеро онҳоро огоҳ карда буд, ки ӯ яҳудӣ аст.
Вале дояҳо аз Худо тарсиданд, ва он чиро, ки подшоҳи Миср ба онҳо амр фармуда буд, ба амал наоварданд, ва писаронро зинда гузоштанд.