Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 3:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Ва ҳамаи маъмурони подшоҳ, ки назди дарвозаи подшоҳ буданд, ба Ҳомон зону мезаданд ва саҷда мебурданд, зеро ки подшоҳ дар ҳаққи ӯ чунин амр фармуда буд, вале Мордахай зону намезад ва саҷда намебурд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 3:2
15 Iomraidhean Croise  

Ва ӯро ба аробаи дуюмини худ савор кунонид, ва пешопеши ӯ нидо мекарданд: «Зону занед!» Ва ӯро бар тамоми замини Миср баргумошт.


Ва ҳангоме ки дӯшизагон бори дуюм ҷамъ оварда шуданд, Мордахай назди дарвозаи подшоҳ менишаст.


Дар он айём, ки Мордахай назди дарвозаи подшоҳ менишаст, ду хоҷасарои подшоҳ, Биғтон ва Тораш, ки аз посбонони остона буданд, дарғазаб шуданд ва қасд доштанд ба подшоҳ Аҳашверӯш дасти тааддӣ дароз кунанд.


Марди яҳудие дар Шушани пойтахт буд, ва номаш Мордахай ибни Ёир, ибни Шимъӣ, ибни Қиши биньёминӣ буд,


Баъд аз ин воқеот, подшоҳ Аҳашверӯш ба Ҳомон ибни Ҳамдотои Аҷоҷӣ бузургӣ бахшида, ӯро баланд бардошт, ва курсии ӯро аз ҳамаи мироне ки бо ӯ буданд, болотар гузошт;


Ва маъмурони подшоҳ, ки назди дарвозаи подшоҳ буданд, ба Мордахай мегуфтанд: «Чаро ту аз амри подшоҳ сар мепечӣ?»


Чун Ҳомон дид, ки Мордахай ба ӯ зону намезанад ва сачда намебарад, — Ҳомон пур аз ғазаб шуд.


Ва Ҳомон дар он рӯз хурсанд ва хушдил шуда берун омад, вале вақте ки Ҳомон Мордахайро назди дарвозаи подшоҳ дид, ки пеши ӯ намехезад ва аз ҷояш намеҷунбад, Ҳомон бар Мордахай пур аз ғазаб шуд.


Кулфатҳои онҳое ки худои дигареро мепарастанд, афзун хоҳад шуд; қурбониҳои рехтании хунини онҳоро нахоҳам рехт, ва номҳои онҳоро ба забон нахоҳам овард.


Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Инро барои ёдгорӣ дар китоб бинавис, ва гӯшраси Еҳушаъ намо, ки Ман зикри Амолеқро аз зери осмон тамоман маҳв хоҳам кард».


Ва гуфт: «Зеро ки даст бар тахти Худованд аст, ҷанги Худованд бар зидди Амолеқ аз насл ба насл хоҳад буд».


Ва Дониёл аз подшоҳ илтимос кард, ва ӯ Шадрак, Мешак ва Абднаҷуро бар корҳои вилояти Бобил гузошт. Ва Дониёл дар боргоҳи подшоҳ буд.


Пас, вақте ки Худованд Худои ту дар замине ки Худованд Худои ту барои тасарруф кардани он ҳамчун мулк ба ту медиҳад, аз ҳамаи душманони гирду пеш ба ту оромӣ бахшад, ту зикри Амолеқро аз зери осмон маҳв намо; фаромӯш накун.


То ки ба исми Исо ҳар зонуе ки дар осмон ва бар замин ва зери замин аст, хам шавад,


Акнун ту рафта, ба Амолеқ шикаст расон; ва ҳар он чи вай дорад, несту нобуд кунед; ва ба ӯ раҳм накун, балки аз мард то зан, аз кӯдак то тифли ширмак, аз гов то гӯсфанд, аз шутур то хар бикуш“».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan