Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 3:13 - Китоби Муқаддас 1992 1999

13 Ва мактубҳо ба воситаи чопарон ба ҳамаи вилоятҳои подшоҳ фиристода шуд, то ки ҳамаи яҳудиёнро, аз ҷавон то пир ва тифлон ва занон, дар як рӯз, дар рӯзи сездаҳуми моҳи дувоздаҳум, ки моҳи адор бошад, нобуд кунанд, бикушанд ва талаф намоянд, ва молу мулки онҳоро толону тороҷ кунанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 3:13
14 Iomraidhean Croise  

Ва шотирон бо номаҳои подшоҳ ва сарваронаш ба тамоми Исроил ва Яҳудо рафта, бар тибқи амри подшоҳ гуфтанд: «Эй банӣ‐Исроил! Сӯи Худованд Худои Иброҳим, Исҳоқ ва Исроил руҷӯъ намоед, ва Ӯ сӯи растагороне ки аз дасти подшоҳони Ашшур дар миёни шумо боқӣ мондаанд, руҷӯъ хоҳад кард;


Зеро ки ман ва қавми ман фурӯхта шудаем, то ки нобуд, кушта ва талаф шавем, ва агар ба ғуломӣ ва канизӣ фурӯхта мешудем, ман хомӯш мемондам, гарчанде ки аду ба зарари подшоҳ намеарзад».


Ва гуфт: «Агар подшоҳ салоҳ донад, ва агар ман ба ҳузури ӯ илтифот пайдо карда бошам, ва ин чиз дар ҳузури подшоҳ муносиб ҳисоб ёбад, ва ман дар назари ӯ некӯ бошам, бигзор навишта шавад, ки мактубҳои дасисакоронаи Ҳомон ибни Ҳамдотои Аҷоҷӣ, ки ӯ дар бораи талаф намудани яҳудиёне ки дар ҳамаи вилоятҳои подшоҳ мебошанд, навишта буд, ботил карда мешавад.


Ва дар моҳи дувоздаҳум, ки моҳи адор бошад, дар рӯзи сездаҳуми он, ки вақти ба амал овардани амри подшоҳ ва қонуни ӯ расида буд, дар рӯзе ки душманони яҳудиён умед доштанд бар онҳо ҳукмфармо шаванд, вале акси он ба амал омада, яҳудиён бар адуёни худ ҳукмфармо шуданд:


Даҳ писари Ҳомон ибни Ҳамдотои бадхоҳи яҳудиёнро куштанд, вале дасти худро барои толону тороҷ дароз накарданд.


Ва яҳудиён ҳамаи душманони худро ба зарби шамшер заданд, ва куштанд, ва талаф намуданд, ва ба адуёни худ мувофиқи дилхоҳи худ амал карданд.


Ва рӯзҳои ман аз даванда тезравтар аст, — медавад, некӣ намебинад,


Ман варо ба муқобили халқи риёкор хоҳам фиристод, ва бар зидди қавми хашмовари Ман амр хоҳам фармуд, ки ғанимат бигирад ва ба яғмо бибарад, ва онҳоро мисли лои кӯчаҳо поймол кунад.


Қосид ба пешвози қосид медавад, ва хабарбар ба пешвози хабарбар, то ба подшоҳи Бобил хабар диҳад, ки шаҳри ӯ аз ҳар тарафаш забт гардидааст,


Пойҳошон барои хунрезӣ шитобон аст;


Зеро бар касе ки эҳсон накардааст, доварӣ бе марҳамат хоҳад буд; марҳамат бар доварӣ ғалаба меёбад.


Акнун ту рафта, ба Амолеқ шикаст расон; ва ҳар он чи вай дорад, несту нобуд кунед; ва ба ӯ раҳм накун, балки аз мард то зан, аз кӯдак то тифли ширмак, аз гов то гӯсфанд, аз шутур то хар бикуш“».


Ва аҳли Нубро, ки шаҳри коҳинон аст, ба дами шамшер кушт: мардон ва занон, ва кӯдакон ва ширмакон, ва говон ва харон ва гӯсфандонро ба дами шамшер кушт.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan