Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 3:12 - Китоби Муқаддас 1992 1999

12 Ва котибони подшоҳ дар моҳи якум, дар рӯзи сездаҳуми он, даъват шуданд, ва мувофиқи ҳар он чи Ҳомон амр фармуд, ба волиёни подшоҳ ва ба ҳокимони ҳар вилоят ва ба мирони ҳар қавм, ба ҳар вилоят бо хати он ва ба ҳар қавм бо забони он навишта шуд: аз номи подшоҳ Аҳашверӯш навишта ва бо нигини подшоҳ мӯҳр карда шуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 3:12
12 Iomraidhean Croise  

Вай мактубҳо аз номи Аҳъоб навишта, бар онҳо мӯҳри ӯро гузошт, ва мактубҳоро ба пирон ва асилзодагоне ки бо Нобӯт дар шаҳраш сукунат доштанд, фиристод.


Ва фармонҳои подшоҳро ба ҳокимони подшоҳ ва ба волиёни Мовароуннаҳр доданд, ва инҳо қавм ва хонаи Худоро ёварӣ карданд.


Ва мактубҳо ба ҳамаи вилоятҳои подшоҳ, ба ҳар вилоят бо хати он ва ба ҳар қавм бо забони он равона кард, то ки ҳар мард бо забони қавми худ сухан ронда, дар хонаи худ ҳукмфармо бошад.


Ва подшоҳ ба Ҳомон гуфт: «Он нуқра дар дасти ту бимонад, ва он қавм низ, то ки бо онҳо он чиро, ки ба назарат маъқул бошад, бикунӣ».


Ва подшоҳ нигини худро, ки аз Ҳомон гирифта буд, кашида ба Мордахай дод, ва Эстер Мордахайро ба хонаи Ҳомон баргумошт.


Яҳудиён қарор доданд ва ба зиммаи худ ва насли худ ва ҳамаи касоне ки ба онҳо ҳамроҳ мешаванд, ба таври мансухнопазир гирифтанд, ки он ду рӯзро бар тибқи он чи дар бораи онҳо навишта шудааст, ва бар тибқи замоне ки барои онҳо таъин гардидааст, ҳар сол ид кунанд,


Ту, эй подшоҳ, фармон додаӣ, ки ҳар кӣ садои шайпур, сурнай, тор, чилтор, чанг, қӯшнай ва дигар асбоби мусиқиро бишнавад, афтода, ба ҳайкали тилло саҷда барад.


Ва онҳо назди подшоҳ омада, дар бораи фармони манъи подшоҳ сухан ронданд: «Ту, охир, фармонеро имзо намудӣ, ки ҳар кӣ то сӣ рӯз аз ягон худо ё одам, ҷуз аз ту, эй подшоҳ, илтимосе кунад, дар чоҳи шерон андохта шавад?» Подшоҳ ҷавоб гардонда, гуфт: «Ин сухан дуруст аст, мувофиқи шариати Модай ва Форс, ки мансух намешавад».


Лекин он шахсон назди подшоҳ ҷамъ омада, ба подшоҳ гуфтанд: «Бидон, эй подшоҳ, ки қонуни Модай ва Форс ин аст, ки ҳеҷ манъ ва фармонро, ки подшоҳ муқаррар намудааст, тағьир додан мумкин нест».


Баъд аз ин, подшоҳ Дорьёвеш ба ҳамаи қавмҳо, умматҳо ва забонҳое ки дар тамоми мамлакат сокин буданд, навишт: «Саломатии шумо афзун бод!


Алҳол, эй подшоҳ, ин манъро тасдиқ кун ва фармонеро имзо намо, ки тағьирнопазир бошад, мувофиқи шариати Модай ва Форс, ки мансух намешавад».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan