Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 3:11 - Китоби Муқаддас 1992 1999

11 Ва подшоҳ ба Ҳомон гуфт: «Он нуқра дар дасти ту бимонад, ва он қавм низ, то ки бо онҳо он чиро, ки ба назарат маъқул бошад, бикунӣ».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 3:11
6 Iomraidhean Croise  

Ва подшоҳ нигини худро аз дасти худ кашид, ва онро ба Ҳомон ибни Ҳамдотои Аҷоҷӣ, ки бадхоҳи яҳудиён буд, дод.


Ва котибони подшоҳ дар моҳи якум, дар рӯзи сездаҳуми он, даъват шуданд, ва мувофиқи ҳар он чи Ҳомон амр фармуд, ба волиёни подшоҳ ва ба ҳокимони ҳар вилоят ва ба мирони ҳар қавм, ба ҳар вилоят бо хати он ва ба ҳар қавм бо забони он навишта шуд: аз номи подшоҳ Аҳашверӯш навишта ва бо нигини подшоҳ мӯҳр карда шуд.


Қудси Туро оташ задаанд; маскани исми Туро то ба замин ҳаром кардаанд;


Дар хусуси ман бошад, инак, ман дар дасти шумо ҳастам: он чи ба назари шумо дуруст ва ҳаққонӣ намояд, бо ман бикунед.


Пас инак, ман туро имрӯз аз занҷирҳое ки бар дастҳои туст, озод мекунам: агар хоҳӣ, ки бо ман ба Бобил биёӣ, — биё, ва ман дар ҳаққи ту ғамхорӣ хоҳам кард; ва агар нахоҳӣ, ки бо ман ба Бобил биёӣ, ин ҷо бимон. Инак, тамоми замин пеши туст: ҳар куҷо, ки бихоҳӣ, ва ҳар куҷо, ки ба ту маъқул бошад биравӣ, — ба он ҷо бирав».


Ва шахсеро, ки барои исьён ва қатл дар зиндон нишаста буд, мувофиқи хоҳиши онҳо озод кард; ва Исоро ба иҳтиёри онҳо супурд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan