Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 3:10 - Китоби Муқаддас 1992 1999

10 Ва подшоҳ нигини худро аз дасти худ кашид, ва онро ба Ҳомон ибни Ҳамдотои Аҷоҷӣ, ки бадхоҳи яҳудиён буд, дод.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 3:10
7 Iomraidhean Croise  

Ва фиръавн нигини худро аз дасти худ кашид, ва онро ба дасти Юсуф пӯшонид; ва ӯро ба либоси катони нозук ороста кард, ва тавқи тилло бар гарданаш овехт;


Баъд аз ин воқеот, подшоҳ Аҳашверӯш ба Ҳомон ибни Ҳамдотои Аҷоҷӣ бузургӣ бахшида, ӯро баланд бардошт, ва курсии ӯро аз ҳамаи мироне ки бо ӯ буданд, болотар гузошт;


Ва подшоҳ ба Ҳомон гуфт: «Он нуқра дар дасти ту бимонад, ва он қавм низ, то ки бо онҳо он чиро, ки ба назарат маъқул бошад, бикунӣ».


Агар подшоҳ салоҳ донад, бигзор барои нест кардани онҳо фармоне навишта шавад, ва ман даҳ ҳазор қурси нуқра ба дасти коргарон баркашида хоҳам дод, то ки ба хазоини подшоҳ биёваранд».


Ва Эстер гуфт: «Он шахси аду ва душман ҳамин Ҳомони шарир аст!» Ва Ҳомон ба хузури подшоҳ ва малика ба даҳшат афтод.


Ва подшоҳ нигини худро, ки аз Ҳомон гирифта буд, кашида ба Мордахай дод, ва Эстер Мордахайро ба хонаи Ҳомон баргумошт.


Ва шумо он чиро, ки дар ҳаққи яҳудиён ба назаратон маъқул бошад, аз номи подшоҳ бинависед ва бо нигини подшоҳ мӯҳр кунед, зеро фармонеро, ки аз номи подшоҳ навишта ва бо нигини подшоҳ мӯҳр карда шудааст, ботил намудан мумкин нест».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan