Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 3:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Баъд аз ин воқеот, подшоҳ Аҳашверӯш ба Ҳомон ибни Ҳамдотои Аҷоҷӣ бузургӣ бахшида, ӯро баланд бардошт, ва курсии ӯро аз ҳамаи мироне ки бо ӯ буданд, болотар гузошт;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 3:1
15 Iomraidhean Croise  

Ту бар хонаи ман бош, ва тамоми қавми ман каломи туро риоя кунанд; ман фақат дар хусуси тахт аз ту бузургтар бошам».


Ва чун тамоми замини Миср низ гирифтори қаҳтӣ шуд, қавм барои нон назди фиръавн фарьёд заданд. Ва фиръавн ба ҳамаи мисриён гуфт: «Назди Юсуф биравед, ва он чи ӯ ба шумо гӯяд, бикунед».


Азбаски ту аз ҷониби подшоҳ ва ҳафт мушовири ӯ фиристода шудаӣ, то Яҳудия ва Ерусалимро бар тибқи шариати Худои ту, ки дар дасти туст, тафаққуд намоӣ,


Ва муқаррабони ӯ Каршено, Шетор, Адмото, Таршиш, Мерес, Марсено ва Мемухон буданд, ки ин ҳафт мири Форс ва Модай чеҳраи подшоҳро медиданд ва дар сафи аввали назди тахти хисравӣ менишастанд:


Ва подшоҳ нигини худро аз дасти худ кашид, ва онро ба Ҳомон ибни Ҳамдотои Аҷоҷӣ, ки бадхоҳи яҳудиён буд, дод.


Ва Ҳомон ба онҳо фаровонии сарвати худ ва бузургии писарони худро, ва тамоми шавкатеро, ки подшоҳ ба ӯ ато намуда, ӯро бар мирон ва маъмурони подшоҳ баланд бардоштааст, ҳикоят кард,


Ва Эстер гуфт: «Он шахси аду ва душман ҳамин Ҳомони шарир аст!» Ва Ҳомон ба хузури подшоҳ ва малика ба даҳшат афтод.


Ва Эстер боз дар ҳузури подшоҳ сухан ронд, ва пеши пойҳои ӯ афтод, ва гирья кард, ва аз ӯ илтимос намуд, ки бадии Ҳомони Аҷоҷӣ ва қасдеро, ки дар ҳаққи яҳудиён андешида буд, ботил кунад.


Вақте ки одилон ҳоким бошанд, қавм шод мегарданд; вале вақте ки шарир ҳукмфармо шавад, қавм оҳу нола мекунанд.


Ҳамоқат ба мартабаҳои баланд мерасад, вале сарватдорон дар поён менишинанд.


Ва бар онҳо — се нозир, ки Дониёл яке аз онҳо буд, то ки он ҳокимон ба онҳо ҳисобот диҳанд, ва ҳеҷ зараре ба подшоҳ нарасад.


Сатилҳои оби ӯ лабрез хоҳад шуд, ва тухмии ӯ дар обҳои фаровон хоҳад буд, ва подшоҳи ӯ аз Аҷаҷ бартарӣ пайдо хоҳад кард, ва мамлакати ӯ сарбаланд хоҳад гардид.


Ва Самуил гуфт: «Чунон ки шамшери ту занонро аз фарзандонашон маҳрум кардааст, ончунон модари ту аз миёни занон аз фарзанди худ маҳрум хоҳад шуд». Ва Самуил Аҷаҷро ба ҳузури Худованд дар Ҷилҷол пора‐пора кард.


Ва подшоҳи Амолеқ — Аҷаҷро зинда дастгир кард, ва тамоми қавмашро ба дами шамшер кушт.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan