Бигзор дар китоби ёддошти падаронат ҷустуҷӯ намоянд, ва ту аз китоби ёддошт дарьёфт хоҳӣ кард ва хоҳӣ донист, ки ин шаҳр шаҳри балвогар ва барои подшоҳон ва мамлакатҳо зараровар аст, ва андаруни он аз қадимулайём фитна меангехтанд, ба ҳамин сабаб ин шаҳр хароб гардида буд.
Ва подшоҳи Ойро ба дор овехта, то вақти шом боқӣ гузошт, ва баробари ғуруб кардани офтоб Еҳушаъ амр фармуд, ва лошаи варо аз дор фуроварда, дар даҳани дарвозаи шаҳр партофтанд, ва сангтӯдаи бузурге бар он барпо карданд, ки то имрӯз боқист.