22 Вале Мордахай аз ин ҳодиса воқиф шуда, ба Эстери малика хабар дод, ва Эстер он чиро, ки Мордахай ошкор карда буд, ба подшоҳ гуфт.
Ва Ҳарбӯно, яке аз хоҷасароёне ки ба хузури подшоҳ буданд, гуфт: «Инак доре низ ба баландии панҷоҳ зироъ дар хонаи Ҳомон истодааст, ки онро Ҳомон барои Мордахай, ки дар ҳаққи подшоҳ сухани некӯ гуфта буд, сохтааст». Ва подшоҳ гуфт: «Ӯро бар он биовезед!»
Ҳатто дар хаёли худ ба подшоҳ лаънат нагӯй, ва дар хонаи хоби худ ба сарватдор лаънат нахон, чунки мурғи ҳаво овозатро хоҳад бурд, ва болдор суханонатро хабар хоҳад дод.
Зиҳӣ умқи сарват ва ҳикмат ва маърифати Худо! Чӣ қадар ақлнорас аст доварии Ӯ ва таҳқиқнопазир аст роҳҳои Ӯ!
Ва ҳар яке на танҳо дар бораи худаш, балки дар бораи дигарон низ ғамхорӣ намояд.