Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 2:21 - Китоби Муқаддас 1992 1999

21 Дар он айём, ки Мордахай назди дарвозаи подшоҳ менишаст, ду хоҷасарои подшоҳ, Биғтон ва Тораш, ки аз посбонони остона буданд, дарғазаб шуданд ва қасд доштанд ба подшоҳ Аҳашверӯш дасти тааддӣ дароз кунанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 2:21
13 Iomraidhean Croise  

Ва Довуд ба Абишой ва ба ҳамаи навкаронаш гуфт: «Модоме ки писари ман, ки аз камарам рӯидааст, қасди ҷони ман дорад, пас алалхусус ҳоло аз биньёминӣ чӣ ҷои гила аст! Варо бигзоред, ки дашном диҳад, зеро ки Худованд ба вай амр фармудааст.


Ва навкари ӯ Зимрӣ, ки сардори нисфи аробаҳо буд, ба муқобили ӯ суиқасд намуд. Вақте ки ӯ дар Тирсо, дар хонаи Арсо, ки нозири дарбори ӯ дар Тирсо буд, нӯшида маст шуд,


Ва навкаронаш қиём намуда, суиқасд карданд, ва Еҳӯошро дар Байт‐Миллӯ, дар роҳе ки сӯи Силло мефурояд, куштанд.


Ва навкарони Омӯн бар ӯ суиқасд карданд; ва подшоҳро дар хонааш куштанд.


Ва дар замони подшоҳии Аҳашверӯш, дар ибтидои подшоҳии ӯ, бӯҳтоне дар ҳаққи сокинони Яҳудо ва Ерусалим навиштанд.


Ва ҳангоме ки дӯшизагон бори дуюм ҷамъ оварда шуданд, Мордахай назди дарвозаи подшоҳ менишаст.


Дар он шаб хоби подшоҳ парид, ва ӯ амр фармуд, ки китоби ёддошти вақоеи айёмро биёранд, то ки онро ба хузури подшоҳ бихонанд.


Ва навиштае ёфт шуд, ки Мордахай дар бораи ду хоҷасарои подшоҳ, Биғтон ва Тораш, ки аз посбонони остона буданд ва қасд доштанд ба подшоҳ Аҳашверӯш дасти тааддӣ дароз кунанд, хабар додааст.


Туро, эй Худованд, тамоми аъмолат ҳамд мегӯяд, ва порсоёнат Туро муборак мехонанд;


Ва Дониёл аз подшоҳ илтимос кард, ва ӯ Шадрак, Мешак ва Абднаҷуро бар корҳои вилояти Бобил гузошт. Ва Дониёл дар боргоҳи подшоҳ буд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan