2 Ва навкарони подшоҳ, ки дар ҳузури ӯ хизмат мекарданд, гуфтанд: «Бигзор барои подшоҳ духтарони бокираи хушрӯйро ҷустуҷӯ намоянд,
Ва ҳангоме ки Абром ба Миср омад, мисриён ин занро диданд, ки хеле хушрӯй аст;
Ва навкаронаш ба ӯ гуфтанд: «Бигзор барои оғои мо подшоҳ духтари бокирае ҷустуҷӯ намоянд, то ки вай ба ҳузури подшоҳ биистад, ва ба ӯ нигоҳубин кунад; ва бигзор вай дар оғӯши ту бихобад, то ки оғои мо подшоҳ гарм шавад».
Дар рӯзи ҳафтум, вақте ки подшоҳ аз шароб дилхуш шуд, ба Меҳумон, Бизто, Ҳарбӯно, Бинто, Абанто, Зетар ва Каркас — ҳафт хоҷасарое ки ба хузури подшоҳ Аҳашверӯш хизмат мекарданд, — амр кард,
Ва муқаррабони ӯ Каршено, Шетор, Адмото, Таршиш, Мерес, Марсено ва Мемухон буданд, ки ин ҳафт мири Форс ва Модай чеҳраи подшоҳро медиданд ва дар сафи аввали назди тахти хисравӣ менишастанд:
Ва подшоҳ дар ҳамаи вилоятҳои мамлакати худ нозиронро таъин кунад, ва онҳо ҳар духтари бокираи хушрӯйро дар Шушани пойтахт, дар хонаи занон, зери дасти Ҳеҷои хоҷасарои подшоҳ, ки нигаҳбони занон аст, ҷамъ кунанд, ва лавозимоти ороиш ба онҳо дода шавад.
Ва ҳанӯз бо ӯ сухан меронданд, ки хоҷасароёни подшоҳ расиданд, то ки Ҳомонро шитоб кунонида, ба зиёфате ки Эстер муҳайё намуда буд, бибаранд.