19 Ва ҳангоме ки дӯшизагон бори дуюм ҷамъ оварда шуданд, Мордахай назди дарвозаи подшоҳ менишаст.
Дар он айём, ки Мордахай назди дарвозаи подшоҳ менишаст, ду хоҷасарои подшоҳ, Биғтон ва Тораш, ки аз посбонони остона буданд, дарғазаб шуданд ва қасд доштанд ба подшоҳ Аҳашверӯш дасти тааддӣ дароз кунанд.
Валекин ҳамаи ин дар назари ман ҳеҷ қимате надорад, то даме ки Мордахаи яҳудиро назди дарвозаи подшоҳ нишаста мебинам».
Ва Ҳомон дар он рӯз хурсанд ва хушдил шуда берун омад, вале вақте ки Ҳомон Мордахайро назди дарвозаи подшоҳ дид, ки пеши ӯ намехезад ва аз ҷояш намеҷунбад, Ҳомон бар Мордахай пур аз ғазаб шуд.
Ва Дониёл аз подшоҳ илтимос кард, ва ӯ Шадрак, Мешак ва Абднаҷуро бар корҳои вилояти Бобил гузошт. Ва Дониёл дар боргоҳи подшоҳ буд.