Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 2:18 - Китоби Муқаддас 1992 1999

18 Ва подшоҳ базми бузурге, — базме ба хотири Эстер, — барои ҳамаи мирон ва маъмурони худ барпо кард, ва ба вилоятҳо сабукӣ бахшид, ва бо ҳиммати хисравона инъомҳо дод.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 2:18
14 Iomraidhean Croise  

Ва Лобон ҳамаи мардуми он ҷоро даъват намуда, базме орост.


Ва левизодагон тамоми қавмро ором карда, мегуфтанд: «Сокит бошед, чунки имрӯз рӯзи муқаддас аст, ва ғамгин нашавед».


Ва нӯшокиҳо дар зарфҳои тилло буд, ва зарфҳо аз зарфҳои гуногуншакл иборат буд; ва шароби хисравӣ мувофиқи ҳиммати подшоҳ фаровон буд;


Ҳамчун рӯзҳое ки дар онҳо яҳудиён аз душманони худ оромӣ ёфтанд, ва ҳамчун моҳе ки барояшон андӯҳ ба шодмонӣ, ва мотам ба ид мубаддал шуд, — ин рӯзҳоро рӯзҳои базм ва шодмонӣ гардонида, ҳадияҳо ба ҳамдигар ва бахшишҳо ба бенавоён бифиристанд.


Эй духтарони Сион! Берун оед ва Сулаймони подшоҳро бубинед, бо тоҷе ки модараш дар рӯзи тӯи арӯсии ӯ, ва дар рӯзи шодмонии дили ӯ бар сари ӯ ниҳодааст.


Ба боги худ омадам, эй хоҳар ва арӯси ман! Мури худро бо атри худ чидам, шони худро бо асали худ хӯрдам, шароби худро бо шири худ нӯшидам. Эй ёрон, бихӯред! Эй маҳбубон, бинӯшед ва маст шавед!


«Малакути Осмон монанди подшоҳест, ки барои писари худ тӯи арӯсӣ барпо кард,


Фурсате расид, ки Ҳиродус ба муносибати рӯзи таваллуди худ барои мансабдорони худ, ба мириҳазорон ва калонтарони Ҷалил базме орост, —


«Вақте ки касе туро ба тӯи арӯсӣ даъват менамояд, дар пешгоҳ нанишин: мабодо дар миёни даъватшудагон шахси аз ту мӯҳтарамтаре бошад,


Ва сокинони ҷаҳон аз ин шод ва хурсанд шуда, ба якдигар инъомҳо хоҳанд фиристод, чунки ин ду набӣ сокинони ҷаҳонро азият додаанд.


Ва ба ман гуфт: «Бинавис: „Хушо онҳое ки ба базми никоҳи Барра даъват шудаанд“». Ва ба ман гуфт: «Инҳо суханони ҳақиқии Худост».


Аз навкарони худ бипурс, ва онҳо ба ту хоҳанд гуфт. Пас бигзор ин ҷавонон дар назари ту илтифот ёбанд, зеро ки мо дар рӯзи нек омадаем; лутфан, аз он чи зери дасти туст, барои бандагонат ва барои писарат Довуд бидеҳ“».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan