Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 2:17 - Китоби Муқаддас 1992 1999

17 Ва подшоҳ Эстерро бештар аз ҳамаи занон дӯст дошт, ва ба ҳузури ӯ вай бештар аз ҳамаи дӯшизагон меҳр ва илтифот пайдо кард; ва ӯ тоҷи хисравонаро бар сари вай гузошта, варо ба ҷои Ваштӣ малика гардонд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 2:17
10 Iomraidhean Croise  

Ки Ваштии маликаро бо афсари хисравӣ ба ҳузури подшоҳ биёваранд, то ки зебоии варо ба қавмон ва мирон нишон диҳад, зеро ки вай хушрӯй буд.


Ва Эстерро назди подшоҳ Аҳашверӯш, ба хонаи хисравии ӯ, дар моҳи даҳум, ки моҳи тевет бошад, дар соли ҳафтуми подшоҳии ӯ гирифта оварданд.


Балки, агар дар ҳамин вақт хомӯш бимонӣ, вусъат ва халосӣ аз ҷои дигар падид хоҳад омад, вале ту ва хонадони падарат талаф хоҳед шуд, ва кист бидонад, ки оё барои чунин вақт ба салтанат нарасидаӣ?»


Бигзор либоси хисравонае ки подшоҳ онро дар бар мекунад, ва аспе ки подшоҳ бар он савор мешавад, ва тоҷи хисравонае ки бар сари асп гузошта мешавад, биёваранд,


Дили подшоҳ мисли ҷӯйҳои об дар дасти Худованд аст: онро Ӯ ба ҳар куҷо ки хоҳад равона мекунад.


Ва ҳамаи дарахтони саҳро хоҳанд донист, ки Ман, ки Худованд ҳастам, дарахти баландро паст мекунам, дарахти пастро баланд месозам, дарахти сабзро мехушконам, ва дарахти хушкро сабзу хуррам мегардонам. Ман, ки Худованд ҳастам, гуфтам ва ба амал хоҳам овард“».


Бенавоёнро аз хок бармехезонад, мискинро аз даруни ахлот мебардорад, то ки бо мирон ҳамнишин созад, ва кур сии ҷалолро насибашон гардонад; зеро ки аркони замин аз они Худованд аст, ва ҷаҳонро ӯ бар онҳо устувор намудааст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan