Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 2:15 - Китоби Муқаддас 1992 1999

15 Ва чун навбати Эстер, духтари Абиҳоили амаки Мордахай, ки ӯ варо духтархонд карда буд, расид, ки назди подшоҳ биёяд, вай чизе талаб накард, магар ки он чи Ҳеҷои хоҷасарои подшоҳ ва нигаҳбони занон гуфта буд. Ва Эстер дар назари ҳар касе ки варо медид, илтифот пайдо мекард.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 2:15
10 Iomraidhean Croise  

Шомгоҳон вай меомад ва саҳаргоҳон ба хонаи дуюми занон зери дасти Шаашғоз, ки хоҷасарои подшоҳ ва нигаҳбони сурриягон буд, бармегашт ва дигар назди подшоҳ намеомад, магар ки подшоҳ варо бихоҳад, ва он гоҳ варо ном бурда даъват мекарданд.


Ва Эстерро назди подшоҳ Аҳашверӯш, ба хонаи хисравии ӯ, дар моҳи даҳум, ки моҳи тевет бошад, дар соли ҳафтуми подшоҳии ӯ гирифта оварданд.


Ва подшоҳ дар ҳамаи вилоятҳои мамлакати худ нозиронро таъин кунад, ва онҳо ҳар духтари бокираи хушрӯйро дар Шушани пойтахт, дар хонаи занон, зери дасти Ҳеҷои хоҷасарои подшоҳ, ки нигаҳбони занон аст, ҷамъ кунанд, ва лавозимоти ороиш ба онҳо дода шавад.


Дар он рӯз подшоҳ Аҳашверӯш хонаи Ҳомони бадхоҳи яҳудиёнро ба Эстери малика дод, ва Мордахай ба ҳузури подшоҳ даромад, зеро Эстер фаҳмонда буд, ки ӯ ба вай чӣ нисбате дорад.


Бинобар ин Эстери малика, духтари Абиҳоил, ҳамроҳи Мордахаи яҳудӣ бо тамоми қатъият навишт, ки ин номаи дуюмро дар бораи пурим риоя намоянд.


Худотарсӣ интизоми ҳикмат аст, ва моқабли ҷалол фурӯтанист.


Лекин кабӯтари ман, покизаи ман ягона аст: ӯ ягонаи модари худ, мумтози волидаи худ мебошад. Духтарон ӯро диданд ва ҳамду сано ба ӯ хонданд, маликаҳо ва сурриягон ӯро ситоиш карданд.


Ман ҳисор ҳастам, ва пистонҳоям мисли бурҷҳост; бинобар ин дар назари ӯ мисли чашмаи саодат будам.


Ва ӯро аз ҳамаи мусибатҳояш халосӣ дод, ва ба ӯ ҳикмат ва ҳусни таваҷҷӯҳ дар назари фиръавн подшоҳи Миср баҳшид, то ӯро бар Миср ва бар тамоми ҳонаи худ ҳукмфармо таъин кард.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan