Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 2:14 - Китоби Муқаддас 1992 1999

14 Шомгоҳон вай меомад ва саҳаргоҳон ба хонаи дуюми занон зери дасти Шаашғоз, ки хоҷасарои подшоҳ ва нигаҳбони сурриягон буд, бармегашт ва дигар назди подшоҳ намеомад, магар ки подшоҳ варо бихоҳад, ва он гоҳ варо ном бурда даъват мекарданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 2:14
8 Iomraidhean Croise  

Ва он ҷавон дар иҷрои ин кор таъхир накард; зеро ки духтари Яъқубро дӯст медошт. Ва ӯ аз тамоми аҳли байти падараш мӯҳтарамтар буд.


Ва он гоҳ духтар назди подшоҳ меомад. Ҳар чизе ки вай талаб мекард, ба вай медоданд, то ки бо он аз хонаи занон ба хонаи подшоҳ биёяд.


Ва чун навбати Эстер, духтари Абиҳоили амаки Мордахай, ки ӯ варо духтархонд карда буд, расид, ки назди подшоҳ биёяд, вай чизе талаб накард, магар ки он чи Ҳеҷои хоҷасарои подшоҳ ва нигаҳбони занон гуфта буд. Ва Эстер дар назари ҳар касе ки варо медид, илтифот пайдо мекард.


«Ҳамаи маъмурони подшоҳ ва қавми вилоятҳои подшоҳ медонанд, ки барои ҳар мард ва зане ки назди подшоҳ ба саҳни дарунӣ биёяд, бе он ки даъват шуда бошад, фақат як қонун ҳаст, ки бояд қатл карда шавад, ба ҷуз касе ки подшоҳ чӯбдасти тиллоро сӯи вай дароз кунад, то ки зинда монад; инак сӣ рӯз аст, ки ман даъват нашудаам, ки назди подшоҳ биёям».


Вале акнун Худованд, ки туро, эй Яъқуб, офардидааст, ва туро, эй Исроил, ба вуҷуд овардааст, чунин мегӯяд: «Натарс, зеро ки Ман туро раҳонидаам, туро ба исми ту хондаам; ту аз они Ман ҳастӣ.


Ба хотири бандаи Худ Яъқуб ва баргузидаи Худ Исроил туро ба номат хондам ва мӯҳтарам доштам, гарчанде ки ту Маро намешинохтӣ.


Ва агар ту варо дигар нахоҳӣ, метавонӣ варо мувофиқи дилхоҳаш бифиристӣ, вале набояд варо ба нуқра бифрӯшӣ; ба вай сахтгирӣ накун, чунки варо бо зӯрӣ тобеъ намудаӣ.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan