13 Ва он гоҳ духтар назди подшоҳ меомад. Ҳар чизе ки вай талаб мекард, ба вай медоданд, то ки бо он аз хонаи занон ба хонаи подшоҳ биёяд.
Ва ҳар рӯз Мордахай назди саҳни хонаи занон гаштугузор мекард, то ки аз саломатии Эстер ва аз он чи ба вай рӯй медиҳад, хабардор бошад.
Ва чун навбати ҳар духтар мерасид, ки назди подшоҳ Аҳашверӯш биёяд, — яъне баъд аз он ки вай дар муддати дувоздаҳ моҳ русуми барои занон муқарраршударо мегузашт, зеро ки айёми молиш додани онҳо: шаш моҳ бо равғани мур ва шаш моҳ бо атриёт ва дорувори молидании занон бо ҳамин буд мешуд, —
Шомгоҳон вай меомад ва саҳаргоҳон ба хонаи дуюми занон зери дасти Шаашғоз, ки хоҷасарои подшоҳ ва нигаҳбони сурриягон буд, бармегашт ва дигар назди подшоҳ намеомад, магар ки подшоҳ варо бихоҳад, ва он гоҳ варо ном бурда даъват мекарданд.