Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 2:12 - Китоби Муқаддас 1992 1999

12 Ва чун навбати ҳар духтар мерасид, ки назди подшоҳ Аҳашверӯш биёяд, — яъне баъд аз он ки вай дар муддати дувоздаҳ моҳ русуми барои занон муқарраршударо мегузашт, зеро ки айёми молиш додани онҳо: шаш моҳ бо равғани мур ва шаш моҳ бо атриёт ва дорувори молидании занон бо ҳамин буд мешуд, —

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 2:12
10 Iomraidhean Croise  

Ва ҳар рӯз Мордахай назди саҳни хонаи занон гаштугузор мекард, то ки аз саломатии Эстер ва аз он чи ба вай рӯй медиҳад, хабардор бошад.


Ва он гоҳ духтар назди подшоҳ меомад. Ҳар чизе ки вай талаб мекард, ба вай медоданд, то ки бо он аз хонаи занон ба хонаи подшоҳ биёяд.


Ва подшоҳ дар ҳамаи вилоятҳои мамлакати худ нозиронро таъин кунад, ва онҳо ҳар духтари бокираи хушрӯйро дар Шушани пойтахт, дар хонаи занон, зери дасти Ҳеҷои хоҷасарои подшоҳ, ки нигаҳбони занон аст, ҷамъ кунанд, ва лавозимоти ороиш ба онҳо дода шавад.


Ва ин духтар дар назари ӯ писанд афтода, ба ҳузури ӯ илтифот пайдо кард, ва ӯ шитобон лавозимоти ороиш ва офияти варо ба вай дод ва ҳафт канизи муносибро аз хонаи подшоҳ ба вай дода, варо бо канизонаш ба беҳтарин шӯъбаи хонаи занон гузаронд.


Ҷойхоби худро бо мур, уд ва дорчин муаттар кардаам.


Ин кист, ки аз биёбон мисли сутунҳои дуд сууд менамояд, ва аз бухури мур ва лодан ва ҳар навъ хокаи атрафшони резаворфурӯш муаттар шудааст?


Ва дар ивази роиҳаи атр тааффуни рим хоҳад буд; ва дар ивази камарбанд — арғамчин; ва дар ивази гесӯи пурпечу хам — калӣ; ва дар ивази либоси фарох — фӯтае аз палос; ва дар ивази зебоӣ — тамға.


Ва бо равғани атрафшон назди Мӯлик низ рафтаӣ, ва атриёти худро афзун кардаӣ, ва элчиёни худро ба ҷойҳои дур фиристодаӣ, ва худро то ба дӯзах паст гардонидаӣ.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan