10 Эстер қавми худ ва ақрабои худро маълум накард, зеро Мордахай ба вай амр фармуда буд, ки маълум накунад.
Ва ҳар рӯз Мордахай назди саҳни хонаи занон гаштугузор мекард, то ки аз саломатии Эстер ва аз он чи ба вай рӯй медиҳад, хабардор бошад.
Эстер ақрабои худ ва қавми худро ҳанӯз маълум накарда буд, чунон ки Мордахай ба вай амр фармуда буд; ва амри Мордахайро Эстер мисли замоне ки назди ӯ тарбият мегирифт, ба ҷо меовард.
Ва ӯ мураббии Ҳадаса, яъне Эстери амакбачаи худ буд, чунки вай падару модар надошт; ва ин духтар хушандом ва хушрӯй буд, ва баъд аз вафоти падару модараш варо Мордахай барои худ духтархонд карда буд.
Ва Ҳомон ба подшоҳ Аҳашверӯш гуфт: «Қавме парешон ва пароканда дар миёни қавмҳо дар ҳамаи вилоятҳои мамлакати ту ҳастанд, ва қонунҳошон аз ҳар қавм фарқ дорад, ва қонунҳои подшоҳро ба ҷо намеоваранд, ва подшоҳро норавост, ки онҳоро чунин вогузорад.
Зеро ки ман ва қавми ман фурӯхта шудаем, то ки нобуд, кушта ва талаф шавем, ва агар ба ғуломӣ ва канизӣ фурӯхта мешудем, ман хомӯш мемондам, гарчанде ки аду ба зарари подшоҳ намеарзад».
Инак, Ман шуморо монанди гӯсфандон ба миёни гургон мефиристам. Пас, мисли морон зирак ва мисли кабӯтарон содда бошед.
Эй фарзандон, ба падару модари худ дар Худованд итоат намоед, зеро ки ин аз рӯи инсоф аст.
Ва ба хирмангоҳ фурӯд омад, ва ҳар он чи модаршӯяш ба вай амр фармуда буд, ба ҷо овард.