Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 10:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Зеро ки Мордахаи яҳудӣ баъд аз подшоҳ Аҳашверӯш шахси дуюм ва дар миёни яҳудиён бузург ва барои аксари бародарони худ матлуб буд, ки некбахтии қавми худро мехост ва барои саломатии тамоми насли худ ғамхорӣ мекард.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 10:3
17 Iomraidhean Croise  

Ту бар хонаи ман бош, ва тамоми қавми ман каломи туро риоя кунанд; ман фақат дар хусуси тахт аз ту бузургтар бошам».


Ва дар замини Ҷӯшан маскан хоҳӣ гирифт; ва наздики ман хоҳӣ буд, ту ва писаронат, ва писарони писаронат, ва гӯсфандонат, ва говонат, ва ҳар чизе ки дорӣ.


Ва туро дар он ҷо ризқу рӯзӣ хоҳам дод, зеро ки боз панҷ сол қаҳтӣ мешавад; мабодо ту, ва аҳли байти ту, ва ҳар чизе ки дорӣ, бенаво гардед“.


Ва Зикрӣ, ки паҳлавони Эфроим буд, Маасиёҳу писари подшоҳ ва Азриқом раиси хона ва Элқоноро, ки шахси дуюм баъд аз подшоҳ буд, кушт.


Ва ҳангоме ки Санбалати ҳӯрӯнӣ ва Тубиёи сардори аммӯнӣ инро шуниданд, ба онҳо бисьёр бад расид, ки шахсе омадааст, то ба некии банӣ‐Исроил ғамхорӣ намояд.


Марди яҳудие дар Шушани пойтахт буд, ва номаш Мордахай ибни Ёир, ибни Шимъӣ, ибни Қиши биньёминӣ буд,


Ва ҳамаи маъмурони подшоҳ, ки назди дарвозаи подшоҳ буданд, ба Ҳомон зону мезаданд ва саҷда мебурданд, зеро ки подшоҳ дар ҳаққи ӯ чунин амр фармуда буд, вале Мордахай зону намезад ва саҷда намебурд.


Ва ман дар бораи ту шунидам, ки ба ҳалли муаммоҳо ва кушодани гиреҳҳо қодир ҳастӣ. Пас, агар алҳол тавонӣ навиштаро бихонӣ ва маънои онро ба ман бифаҳмонӣ, ҷомаи арғувон хоҳӣ пӯшид, ва тавқи заррин бар гарданат овехта хоҳад шуд, ва ҳокими сеюм дар мамлакат таъин хоҳӣ гардид».


Он гоҳ Балшасар фармон дод, ва Дониёлро ҷомаи арғувон пӯшонданд, ва тавқи заррин бар гарданаш овехтанд, ва дар ҳаққи ӯ эълон карданд, ки ҳокими сеюм дар мамлакат мешавад.


Дониёл дар миёни он нозирон ва ҳокимон мумтоз буд, чунки рӯҳи олидараҷае дошт, ва подшоҳ ният дошт, ки ӯро бар тамоми мамлакат таъин намояд.


Эй бародарон! Орзуи дили ман ва дуои ман назди Худо барои Исроил ин аст, ки онҳо наҷот ёбанд.


Ва ҳар кӣ ба ин тариқа Масеҳро бандагӣ мекунад, вай писандидаи Худо ва мақбули мардум аст.


Ва тамоми Исроил ва Яҳудо Довудро дӯст медоштанд, зеро ки ӯ пеши онҳо даробаро мекард.


Ва ба ӯ гуфт: «Натарс, зеро ки дасти падарам Шоул туро пайдо нахоҳад кард, ва ту бар Исроил подшоҳ хоҳӣ шуд, ва ман баъд аз ту дуюмин хоҳам буд, ва падарам Шоул низ инро медонад».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan