Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 10:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Ва тамоми фаъолияти салтанат ва иқтидори ӯ ва тасвири шавкати Мордахай, ки ӯро подшоҳ ба бузургӣ расонида буд, оё дар китоби вақоеи айёми подшоҳони Модай ва Форс навишта нашудааст?

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 10:2
10 Iomraidhean Croise  

Ва бақияи аъмоли Сулаймон, ва ҳар чи ӯ кард, ва ҳикмати ӯ дар китоби вақоеъномаи Сулаймон навишта шудааст.


Ва бақияи аъмоли Ёробъом — чӣ гуна ҷанг карданаш ва чӣ гуна салтанат ронданаш, — дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.


Ва бақияи аъмоли Аҳъоб, ва ҳар чи ӯ кард, ва хонаи оҷе ки ӯ бино намуд, ва ҳамаи шаҳрҳое ки ӯ бино намуд, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.


Ва ин ҳодиса тафтиш карда шуд, ва дуруст баромад, ва ҳар дуяшон ба дор овехта шуданд. Ва дар китоби вақоеи айём, ки дар ҳузури подшоҳ буд, ин ҳодиса навишта шуд.


Дар он шаб хоби подшоҳ парид, ва ӯ амр фармуд, ки китоби ёддошти вақоеи айёмро биёранд, то ки онро ба хузури подшоҳ бихонанд.


Ва Мордахай аз ҳузури подшоҳ бо либоси хисравонаи лоҷвард ва сафед, ва бо афсари бузурги тилло, ва бо қабои катони арғувонӣ берун омад, ва аҳли шаҳри Шушан шод ва хурсанд шуданд.


Ва подшоҳ нигини худро, ки аз Ҳомон гирифта буд, кашида ба Мордахай дод, ва Эстер Мордахайро ба хонаи Ҳомон баргумошт.


Зеро ки Мордахай дар хонаи подшоҳ бузург буд, ва шӯҳраташ дар тамоми вилоятҳо паҳн мешуд, чунки таъсири ин шахс, яъне Мордахай, торафт меафзуд.


Он гоҳ подшоҳ ба Дониёл бузургӣ бахшид ва инъомҳои сершумор ва гаронбаҳо ба ӯ дод, ва ӯро ҳоким бар тамоми вилояти Бобил, ва раиси сардорон бар ҳамаи ҳакимони Бобил таъин намуд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan