8 Ва шаробнӯшӣ ба муддаои табъ буд: касеро маҷбур намекарданд, зеро подшоҳ ба ҳамаи маъмурони хонаи худ амр фармуда буд, ки ба дилхоҳи ҳар кас амал кунанд.
Ва нӯшокиҳо дар зарфҳои тилло буд, ва зарфҳо аз зарфҳои гуногуншакл иборат буд; ва шароби хисравӣ мувофиқи ҳиммати подшоҳ фаровон буд;
Ваштии малика низ дар хонаи хисравии подшоҳ Аҳашверӯш базме барои занон барпо кард.
Ва мо ба овози падарамон Йӯнодоб ибни Рекоб, дар ҳар чи ба мо амр фармудааст, итоат намуда, тамоми айёми худ шароб нанӯшидем, — худамон, занонамон, писаронамон ва духтаронамон,
Бобил косаи тилло дар дасти Худованд буд, ки тамоми дуньёро маст мекард: халқҳо аз шароби он нӯшиданд, бинобар ин халқҳо девонагӣ карданд.
Ва гуфт: «Акнун кашида, ба сардори базм баред». Ва онхо бурданд.