Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 1:6 - Китоби Муқаддас 1992 1999

6 Пардаҳо аз матои маҳини сафед ва лоҷвард бо риштаҳои катони сафед ва арғувон бар ҳалқаҳои нуқра ва сутунҳои мармар овезон буд; катҳои тилло ва нуқра бар фарше аз мармари сабз, сиёҳ, садафгун ва сурх истода буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 1:6
10 Iomraidhean Croise  

Ва ҳангоме ки подшоҳ аз боғи қаср ба хонаи шаробнӯшӣ баргашт, Ҳомон бар нимкате ки болояш Эстер буд, фурӯ ғалтида буд, ва подшоҳ гуфт: «Оё ба номӯси малика низ ба ҳузури ман дар хона таҷовуз мекунад?» Ҳамин ки ин сухан аз даҳони подшоҳ баромад, рӯи Ҳомонро пӯшониданд.


Ва Мордахай аз ҳузури подшоҳ бо либоси хисравонаи лоҷвард ва сафед, ва бо афсари бузурги тилло, ва бо қабои катони арғувонӣ берун омад, ва аҳли шаҳри Шушан шод ва хурсанд шуданд.


Ва масканро аз даҳ чодири катони нозуки дутоба, ва лоҷвард, ва арғувон, ва қирмиз бисоз, ва каррубиёнро бо бофти санъаткорона бар онҳо нақш намо.


Ва бар ҷогаҳи боҳамашате менишастӣ, ки суфрае назди он ороста буд, ва бухур ва равғани Маро бар он мегузоштӣ.


Ва бар либосҳои гаравӣ назди ҳар қурбонгоҳ меёзанд, ва шароби ҷазоёфтагонро дар хонаи Худои худ менӯшанд.


Худованд чунин мегӯяд: «Чунон ки чӯпон ду соқи по ё нармаи гӯшро аз даҳони шер раҳо мекунад, ончунон банӣ‐Исроил, ки дар Сомария бар гӯшаи бистар ва бар ҷогаҳи димишқӣ нишастаанд, раҳо хоҳанд шуд».


Онҳое ки бар ҷогаҳои оҷ мехобанд, ва бар бистарҳои худ меёзанд, ва барраҳои фарбеҳро аз миёни рама ва гӯсолаҳоро аз пеши охур гирифта мехӯранд;


Вале ӯ рад намуда, гуфт: «Намехӯрам!» Валекин навкаронаш ва он занак аз ӯ бисьёр илтимос карданд, ва ӯ ба овози онҳо гӯш дода, розӣ шуд, ва аз замин бархоста, бар кӯрпача нишаст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan