Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 1:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва дар соли сеюми подшоҳии худ ӯ барои ҳамаи мирон ва маъмуронаш базм барпо кард, ва сипоҳиёни Форс ва Модай, аъёну ашроф ва ҳокимони вилоятҳо дар ҳузури ӯ буданд,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 1:3
16 Iomraidhean Croise  

Дар рӯзи сеюм, ки рӯзи таваллуди фиръавн буд, ӯ зиёфате барои тамоми чокарони худ орост, ва дар миёни чокарони худ сарсоқӣ ва сарнонвойро ҳозир кард.


Ва Сулаймон бедор шуд, ва инак хоб буд. Ва ба Ерусалим омада, пеши сандуқи аҳди Худованд истод, ва қурбониҳои сӯхтанӣ баровард, ва қурбониҳои саломатӣ забҳ намуд, ва барои ҳамаи навкаронаш базм барпо кард.


«Куруш, подшоҳи Форс, чунин мегӯяд: ҳамаи мамлакатҳои заминро Худованд, Худои осмон, ба ман додааст, ва Ӯ ба ман амр фармудааст, ки дар Ерусалим, ки дар Яҳудия аст, хонае барои Ӯ бино намоям.


Ва муқаррабони ӯ Каршено, Шетор, Адмото, Таршиш, Мерес, Марсено ва Мемухон буданд, ки ин ҳафт мири Форс ва Модай чеҳраи подшоҳро медиданд ва дар сафи аввали назди тахти хисравӣ менишастанд:


Дар сурате ки ӯ айёми зиёде, саду ҳаштод рӯз, сарвату ҷалоли хисравии худ ва шаъну шавкати бузургии худро нишон медод.


Ва подшоҳ базми бузурге, — базме ба хотири Эстер, — барои ҳамаи мирон ва маъмурони худ барпо кард, ва ба вилоятҳо сабукӣ бахшид, ва бо ҳиммати хисравона инъомҳо дод.


Дар моҳи якум, ки моҳи нисон бошад, дар соли дувоздаҳуми подшоҳ Аҳашверӯш, дар ҳузури Ҳомон барои ҳар рӯз ва ҳар моҳ пур — яъне қуръа — партофтанд, ва он ба моҳи дувоздаҳум, ки моҳи адор бошад, афтод.


Рӯъёи мудҳише ба ман аён шудааст: хоин хиёнат менамояд, ва тороҷгар тороҷ мекунад. Эй Элом, баро! Эй Модай, муҳосира намо! Ба тамоми оҳу нолаи он хотима хоҳам дод.


Тирҳоро тез кунед, сипарҳоро ба даст гиред! Худованд рӯҳи подшоҳони Модайро барангехтааст, чунки Ӯ қасде бар зидди Бобил дорад, то ки онро талаф намояд, зеро ин интиқоми Худованд аст, интиқоми маъбади Ӯст.


Подшоҳ Балшасар барои ҳазор нафар акобири худ базми бузурге орост, ва дар ҳузури он ҳазор нафар шароб нӯшид.


ФРС — салтанати ту тақсим карда, ба Модай ва Форс дода шудааст».


Дорьёвеш салоҳ донист, ки саду бист ҳоким бар мамлакат таъин намояд, то ки онҳо бар тамоми мамлакат бошанд.


Қӯчқори соҳиби ду шох, ки ту дидаӣ, подшоҳони Модай ва Форс мебошанд.


Фурсате расид, ки Ҳиродус ба муносибати рӯзи таваллуди худ барои мансабдорони худ, ба мириҳазорон ва калонтарони Ҷалил базме орост, —


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan