Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 1:22 - Китоби Муқаддас 1992 1999

22 Ва мактубҳо ба ҳамаи вилоятҳои подшоҳ, ба ҳар вилоят бо хати он ва ба ҳар қавм бо забони он равона кард, то ки ҳар мард бо забони қавми худ сухан ронда, дар хонаи худ ҳукмфармо бошад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 1:22
11 Iomraidhean Croise  

Ва ин сухан дар назари подшоҳ ва мирон писанд афтод, ва подшоҳ аз рӯи сухани Мемухон амал кард.


Ва котибони подшоҳ дар моҳи якум, дар рӯзи сездаҳуми он, даъват шуданд, ва мувофиқи ҳар он чи Ҳомон амр фармуд, ба волиёни подшоҳ ва ба ҳокимони ҳар вилоят ва ба мирони ҳар қавм, ба ҳар вилоят бо хати он ва ба ҳар қавм бо забони он навишта шуд: аз номи подшоҳ Аҳашверӯш навишта ва бо нигини подшоҳ мӯҳр карда шуд.


Ва он гоҳ, дар моҳи сеюм, ки моҳи сивон бошад, дар рӯзи бисту сеюми он, котибони подшоҳ даъват шуданд, ва мувофиқи ҳар он чи Мордахай амр фармуд, ба яҳудиён, ва ба волиён ва ҳокимон ва мирони вилоятҳо, ки аз Ҳинд то Ҳабаш саду бисту ҳафт вилоят буданд, ба ҳар вилоят бо хати он ва ба ҳар қавм бо забони он, ва ба яҳудиён бо хати онҳо ва бо забони онҳо навишта шуд.


Ва аз ҷониби ман фармон дода мешавад, ки аз ҳар қавм, уммат ва забон касе ки дар ҳаққи Худои Шадрак, Мешак ва Абднаҷу сухани носазое бигӯяд, пора‐пора карда хоҳад шуд, ва хонаи вай харобазор хоҳад гардид, зеро худои дигаре нест, ки мисли Ӯ тавонад наҷот диҳад».


Ман, ки Набукаднесар ҳастам, дар хонаи худ ором будам ва дар қасри худ зиндадил.


Ва он оғо амалдори ноинсофро таъриф кард, ки оқилона рафтор кардааст; зеро ки писарони ин олам дар муомила бо мардуми насли худ аз писарони нур оқилтаранд.


Ва ба зан иҷозат намедиҳам, ки таълим диҳад ва бар мард ҳукмрон шавад, балки хомӯш бошад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan