21 Ва ин сухан дар назари подшоҳ ва мирон писанд афтод, ва подшоҳ аз рӯи сухани Мемухон амал кард.
Ин сухан ба назари фиръавн ва ба назари ҳамаи чокаронаш писанд афтод.
Агар подшоҳ салоҳ донад, бигзор амри хисравонае аз ҷониби ӯ навишта, дар Форс ва Модай ба таври мансухнопазир ба ҳукми қонун дароварда шавад, ки Ваштӣ дигар ба ҳузури подшоҳ Аҳашверӯш наояд, ва подшоҳ унвони хисравонаи варо ба зани дигаре ки аз вай беҳтар бошад, бидиҳад.
Ва фармони подшоҳ ба самъи мардум расида, дар тамоми мамлакати ӯ, ҳарчанд ки азим аст, асар хоҳад бахшид, ва ҳамаи занон ба шавҳарҳои худ аз бузург то хурд қадрдонӣ хоҳанд кард».
Ва мактубҳо ба ҳамаи вилоятҳои подшоҳ, ба ҳар вилоят бо хати он ва ба ҳар қавм бо забони он равона кард, то ки ҳар мард бо забони қавми худ сухан ронда, дар хонаи худ ҳукмфармо бошад.
Ва духтаре ки дар назари подшоҳ писанд афтад, ба ҷои Ваштӣ малика шавад». Ва ин сухан дар назари подшоҳ писанд афтод, ва ӯ чунин амал кард.