20 Ва фармони подшоҳ ба самъи мардум расида, дар тамоми мамлакати ӯ, ҳарчанд ки азим аст, асар хоҳад бахшид, ва ҳамаи занон ба шавҳарҳои худ аз бузург то хурд қадрдонӣ хоҳанд кард».
Ва ин сухан дар назари подшоҳ ва мирон писанд афтод, ва подшоҳ аз рӯи сухани Мемухон амал кард.
Баъд аз ин воқеот, вақте ки ғазаби подшоҳ Аҳашверӯш таскин ёфт, ӯ Ваштиро, ва рафтореро, ки вай карда буд, ва ҳукмеро, ки дар ҳаққи вай бароварда шуда буд, ба ёд овард.
Эй занон, мутеи шавҳарони худ шавед, мисли он ки ба Худованд бошад,
Пас, бигзор ҳар яке аз шумо зани худро мисли худ дӯст дорад, ва зан аз шавҳари худ битарсад.
Ва тамоми қавм инро шунида, хоҳанд тарсид, ва дигар бадқасдона амал нахоҳанд кард.
Ва бигзор варо тамоми мардуми шаҳраш сангсор кунанд, то ки бимирад, — ва шароратро аз миёни худ барҳам хоҳӣ дод; ва тамоми Исроил инро шунида, ҳаросон хоҳанд шуд.
Эй занон, ба шавҳарони худ итоат намоед, чунон ки дар Худованд муносиб аст.