Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 1:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Дар он айём, ки подшоҳ Аҳашверӯш бар тахти хисравии худ дар Шушани пойтахт нишаста буд,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 1:2
10 Iomraidhean Croise  

Ва ҳангоме ки подшоҳ дар хонаи худ менишаст, ва Худованд ӯро аз душманони гирду пешаш ором карда буд,


Ва Сулаймон низ бар тахти подшоҳӣ нишастааст;


Суханони Наҳемьё ибни Ҳакальё. Дар моҳи кислев, дар соли бистум, вақте ки ман дар Шушани пойтахт будам, чунин воқеъ шуд,


Ва подшоҳ дар ҳамаи вилоятҳои мамлакати худ нозиронро таъин кунад, ва онҳо ҳар духтари бокираи хушрӯйро дар Шушани пойтахт, дар хонаи занон, зери дасти Ҳеҷои хоҷасарои подшоҳ, ки нигаҳбони занон аст, ҷамъ кунанд, ва лавозимоти ороиш ба онҳо дода шавад.


Марди яҳудие дар Шушани пойтахт буд, ва номаш Мордахай ибни Ёир, ибни Шимъӣ, ибни Қиши биньёминӣ буд,


Он чопарон шитобон бо амри подшоҳ роҳсипор гардиданд, ва он қонун дар Шушани пойтахт мунташир шуд, ва подшоҳ ва Ҳомон ба майнӯшӣ нишастанд, валекин шаҳри Шушан дар изтироб афтод.


«Бирав ва ҳамаи яҳудиёнро, ки дар Шушан мебошанд, ҷамъ кун, ва барои ман рӯза дошта, се рӯз, шабонаю рӯзона, чизе нахӯред ва нанӯшед; ман низ бо канизони худ ҳамчунин рӯза хоҳам дошт, ва ба ин тариқ назди подшоҳ хоҳам омад, гарчанде ки ин бар хилофи қонун аст, ва агар талаф шавам, бигзор талаф шавам».


Он гоҳ ғайбдонон, афсунгарон, мунаҷҷимон ва ҷодугарон омаданд, ва ман хобро ба онҳо гуфтам, вале онҳо таъбири онро натавонистанд ба ман баён намоянд.


Ва дар рӯъё дидам, — ман худро дар Шушани пойтахт, ки дар вилояти Элом воқеъ аст, дидам; — ва дар рӯъё дидам, ки ман назди наҳри Улой мебошам.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan