Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 1:12 - Китоби Муқаддас 1992 1999

12 Вале Ваштии малика бо амре ки подшоҳ ба воситаи хоҷасароён фармуда буд, нахост биёяд, ва подшоҳ бағоят хашмгин шуда, ғазабаш андаруни ӯ аланга зад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 1:12
19 Iomraidhean Croise  

Ба зан гуфт: «Ранҷи туро дар ҳомиладории ту бисьёр афзун мегардонам; бо дард фарзандон хоҳӣ зоид; ва иштиёқи ту ба шавҳарат хоҳад буд, ва ӯ бар ту ҳукмронӣ хоҳад кард».


Ки Ваштии маликаро бо афсари хисравӣ ба ҳузури подшоҳ биёваранд, то ки зебоии варо ба қавмон ва мирон нишон диҳад, зеро ки вай хушрӯй буд.


Ва подшоҳ ба ҳакимони донандаи таворих гуфт, чунки равиши подшоҳ ин буд, ки бо ҳамаи донандагони қонун ва ҳуқуқ машварат кунад.


Ва подшоҳ бо ғазаб аз шаробнӯшӣ хеста ба боғи қаср баромад, ва Ҳомон он ҷо монд, то ки аз Эстери малика барои ҷони худ илтимос намояд, зеро дид, ки аз ҷониби подшоҳ ба сараш балое хоҳад омад.


Барои сардори муғанниён. Нобуд накун. Таронаи Ософ. Суруд.


Худовандо, Худои лашкарҳо! То ба кай аз дуои қавми Худ қаҳр хоҳӣ кард?


Ва ҳангоме ки ба ӯрдугоҳ наздик омада, гӯсола ва рақсҳоро дид, хашми Мусо аланга зад, ва ӯ алвоҳро аз дастҳояш партофт, ва онҳоро зери кӯҳ шикаст.


Ва Ҳорун гуфт: «Бигзор хашми оғоям аланга назанад; ту ин қавмро мешиносӣ, ки ба бадкорӣ омӯхта шудаанд.


Ғазаби подшоҳ мисли ғурриши шери ҷавон аст, ва хусни таваҷҷӯҳи ӯ мисли шабнам аст бар алаф.


Ҳайбати подшоҳ мисли ғурриши шери ҷавон аст; касе ки ӯро ба хашм оварад, ҷони худро дар хатар мемонад.


Аз ин сабаб подшоҳ ба ғазаб омада, бағоят хашмгин шуд ва амр фармуд, ки ҳамаи ҳакимони Бобилро несту нобуд кунанд.


Он гоҳ Набукаднесар бо хашм ва ғазаб фармон дод, ки Шадрак, Мешак ва Абднаҷуро биёранд; ин шахсонро ба ҳузури подшоҳ оварданд.


Он гоҳ Набукаднесар бар Шадрак, Мешак ва Абднаҷу пур аз ғазаб гардид, ва намуди рӯяш дигаргун шуд, ва хитоб намуда, амр фармуд, ки кӯраро аз оташи муқаррарӣ ҳафтчандон бештар оташ дардиҳанд.


Пеши ғазаби Ӯ кист, ки тавонад истодагӣ кунад? Ва кист, ки ба хашми Ӯ тавонад тоб оварад? Қаҳри Ӯ мисли оташ забона мезанад, ва сахраҳо аз шиддати он пора‐пора мешавад.


Эй занон, мутеи шавҳарони худ шавед, мисли он ки ба Худованд бошад,


Аммо, чӣ тавре ки Калисо ба Масеҳ тобеъ аст, ҳамон тавр занон низ бояд аз ҳар ҷиҳат ба шавҳарони худ тобеъ бошанд.


Худованд варо нахоҳад омурзид, балки он вақт ғазаби Худованд ва рашки Ӯ бар он кас аланга хоҳад зад, ва тамоми лаънате ки дар ин китоб навишта шудааст, ба сари вай хоҳад омад, ва Худованд номи варо аз зери осмон маҳв хоҳад кард;


Ҳамчунин шумо, эй занон, ба шавҳарони худ итоат намоед, то ки, агар баъзе аз онҳо мутеи калом набошанд, ба воситаи рафтори занон бе калом тобеъ гарданд,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan