Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 1:10 - Китоби Муқаддас 1992 1999

10 Дар рӯзи ҳафтум, вақте ки подшоҳ аз шароб дилхуш шуд, ба Меҳумон, Бизто, Ҳарбӯно, Бинто, Абанто, Зетар ва Каркас — ҳафт хоҷасарое ки ба хузури подшоҳ Аҳашверӯш хизмат мекарданд, — амр кард,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 1:10
16 Iomraidhean Croise  

Ва чун луқмаҳо аз пеши Юсуф барои онҳо оварда шуд, луқмаи Биньёмин аз луқмаҳои ҳамаи онҳо панҷ баробар зиёд буд. Ва бо ӯ нӯшиданд, ва кайфашон хеле баланд шуд.


Ва Абшолӯм ба навкаронаш амр фармуда, гуфт: «Бингаред, ҳамин ки дили Амнӯн аз шароб шод гардад, ва ман ба шумо гӯям: „Амнӯнро зарба занед“, дарҳол ӯро бикушед, натарсед: ман охир, шуморо амр фармудаам, пас қавидил ва далер бошед».


Ваштии малика низ дар хонаи хисравии подшоҳ Аҳашверӯш базме барои занон барпо кард.


Он чопарон шитобон бо амри подшоҳ роҳсипор гардиданд, ва он қонун дар Шушани пойтахт мунташир шуд, ва подшоҳ ва Ҳомон ба майнӯшӣ нишастанд, валекин шаҳри Шушан дар изтироб афтод.


Ва Ҳарбӯно, яке аз хоҷасароёне ки ба хузури подшоҳ буданд, гуфт: «Инак доре низ ба баландии панҷоҳ зироъ дар хонаи Ҳомон истодааст, ки онро Ҳомон барои Мордахай, ки дар ҳаққи подшоҳ сухани некӯ гуфта буд, сохтааст». Ва подшоҳ гуфт: «Ӯро бар он биовезед!»


Шароб масхара медорад, бӯза талотум мекунад, ва ҳар кӣ саргарми он гардад, хирадманд намешавад.


Подшоҳонро шоиста нест, эй Лемуил, подшоҳонро шоиста нест, ки шароб нӯшанд, ва миронро, ки бӯза талаб кунанд:


Барои кайфу сафо базм мекунанд, ва шароб ҳаёташонро шод мегардонад, ва нуқра ҳар чизро барояшон муҳайё менамояд.


Ва чун димоғашон чоқ шуд, гуфтанд: «Шимшӯнро бихонед, то ки бозӣ карда, моро дилхуш гардонад». Ва Шимшӯнро аз зиндон оварданд, ва ӯ онҳоро дилхуш гардонид, ва ӯро дар миёни ду сутун гузоштанд.


Ва ҳар ду нишаста, якҷоя хӯрок хӯрданд ва нӯшиданд; ва падари занак ба он мард гуфт: «Лутфан, имшаб дар ҳамин ҷо бимон, то дилат шод гардад».


Бӯаз хӯрок хӯрд, ва нӯшид, ва дилшод шуд, ва дар канори хирман омада хобид. Пас вай оҳистаяк омада, пеши пойҳои ӯро кушод ва хобид.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan