Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эфсӯсиён* 6:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Ва шумо, эй оғоён, бо онҳо низ ҳамин тавр рафтор кунед, ва аз таҳдид даст кашед, ва бидонед, ки бар сари шумо ҳам дар осмон Оғое ҳаст, ва Ӯ рӯйбинӣ надорад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

9 Хӯҷаинон, шумо низ ҳамин муомиларо нисбати ғуломони худ кунед. Ба онҳо дӯғу пӯписа заданро бас намоед. Дар ёд дошта бошед, ки дар осмон як Хӯҷаин доред, ки Ӯ ҳам хӯҷаини шумову ҳам хӯҷаини ғуломонатон аст ва ба ҳама бо як чашм нигоҳ мекунад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эфсӯсиён* 6:9
40 Iomraidhean Croise  

Ва алҳол, ҷисми мо мисли ҷисми бародарони мост, ва писарони мо мисли писарони онҳоянд, ва инак, мо маҷбурем писарону духтарони худро ба ғуломӣ бисупорем, ва баъзе аз духтарони мо каниз шудаанд, ва дар дасти мо имконияте нест, ки онҳоро раҳо кунем; ва киштзорҳо ва токзорҳои мо аз они дигарон шудааст».


Ва ҳол он ки Ӯ ба мирон рӯйбинӣ намекунад, ва сарватдорро аз бенаво афзал намедонад, чунки ҳамаашон амали дастҳои Ӯ ҳастанд.


Валекин суд ба мамлакат аз ҳама мерасад, ва ҳатто подшоҳ ба киштукори саҳроҳо ғамхорӣ менамояд.


Ман бар қавми Худ хашм гирифтам, мероси Худро хор доштам, ва онҳоро ба дасти ту супурдам, — аммо ту ба онҳо раҳм накардӣ, юғи худро бар пирон бағоят гарон кардӣ.


Алҳол, агар шумо тайёр бошед, пас чун садои шайпур, сурнай, тор, чилтор, чанг, қӯшнай ва дигар асбоби мусиқиро бишнавед, афтода, ба ҳайкали тиллое ки ман сохтаам, саҷда баред, хуб хоҳад буд; вале агар саҷда набаред, дарҳол андаруни кӯраи оташи сӯзон андохта хоҳед шуд; ва кист он Худое ки шуморо тавонад аз дасти ман раҳо кунад?»


Ва ҳар кӣ наафтад ва саҷда набарад, дарҳол андаруни кӯраи оташи сӯзон андохта хоҳад шуд».


Ҳаққи ёри худро нахӯр ва ғоратгарӣ накун, музди меҳнати муздурро назди худ то субҳ нигоҳ надор.


Ва Ман барои доварӣ назди шумо хоҳам омад, ва ба зидди ҷодугарон ва зинокорон ва касоне ки қасами дурӯғ мехӯранд, ва ба зидди онҳое ки музди муздур, бева ва ятимро намедиҳанд, ва нисбат ба ғарибе каҷкорӣ мекунанд, ва аз Ман наметарсанд, бо зудӣ шаҳодат хоҳам дод, мегӯяд Худованди лашкарҳо.


Ва ғуломон ба сари роҳ баромада, ҳар киро ёфтанд, хоҳ нек буд хоҳ бад, ҷамъ карданд; ва тӯйхона аз меҳмонон пур шуд.


Он гоҳ ба ғуломони худ гуфт: „Тӯй тайёр аст, лекин даъватшудагон сазовори он набуданд;


Лекин агар он ғулом бадкирдор бошад ва дар дили худ гӯяд, ки „оғои ман ба зудӣ намеояд“,


Ва ӯро ду пора карда, қисматашро бо риёкорон баробар хоҳад кард: дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд.


Пас, ҳар он чи меҳоҳед, ки мардум ба шумо кунанд, шумо низ ба онҳо ҳамон тавр кунед; зеро ин аст Таврот ва суҳафи анбиё.


Ва чӣ тавре аз мардум мехоҳед, ки ба шумо кунанд, шумо низ ба онҳо ҳамон тавр кунед.


Шумо Маро Устод ва Худованд мегӯед ва рост мегӯед, зеро ки Ман чунин ҳастам.


Петрус ба сухан оғоз карда, гуфт: «Акнун яқин донистам, ки Худо рӯйбинӣ надорад.


Зеро ки Худо рӯйбинӣ надорад.


Ба калисои Худо, ки дар Қӯринтӯс воқеъ аст, ба муқаддасони даъватшуда, ки дар Исои Масеҳ тақдис гардидаанд, бо ҳамаи онҳое ки дар ҳар ҷо исми Худованди мо Исои Масеҳро мехонанд, ки Ӯ Худованди онҳо ва Худованди мост, —


Зеро ғуломе ки дар Худованд даъват шудааст, озоди Худованд аст; инчунин шаҳси озоде ки даъват шудааст, ғуломи Масеҳ аст.


Зеро ки Худованд Худои шумо Худои худоён ва Худованди худовандон аст, Худои бузург, ҷаббор ва саҳмгин аст, ки рӯбинӣ намекунад, ва ришва намегирад;


Ҳар кӣ ноинсофона рафтор мекунад, мувофиқи ноинсофии худ подош ҳоҳад гирифт: Ӯ рӯйбинӣ надорад.


Эй оғоён, ба ғуломони худ он чи лозим аст ва он чи ҳақ доранд, бидиҳед, ва бидонед, ки шумо низ Оғое дар осмон доред.


Зеро бар касе ки эҳсон накардааст, доварӣ бе марҳамат хоҳад буд; марҳамат бар доварӣ ғалаба меёбад.


Агар шумо шариати шоҳонаро, бар тибқи Навиштаи: «Ёри ҳудро мисли худ дӯст бидор» ба ҷо меоварда бошед, хуб мекунед;


Инак, музди коргароне ки саҳроҳои шуморо даравидаанд, ва шумо онро надода нигоҳ доштаед, фиғон мекашад, ва доду фарьёди даравгарон ба гӯши Худованди лашкарҳо расидааст.


Ва Самуил гуфт: «Оё ту дар назари худ хурд набудӣ, вақте ки сардори сибтҳои Исроил шудӣ, ва Худованд туро бар Исроил ба подшоҳӣ тадҳин намуд?


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan