Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эфсӯсиён* 6:6 - Китоби Муқаддас 1992 1999

6 На бо ҳозирхизматии зоҳирӣ, ҳамчун одампарастон, балки ҳамчун ғуломони Масеҳ, ки иродаи Худоро аз таҳти дил ба ҷо меоваранд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

6 Мисли ғуломи хушомадгӯй, ки дар пеши соҳибаш нағз кор карда, дар набудани ӯ бо дили нохоҳам кор мекунад, хизмат накунед. Балки ҳамчун ғуломи Масеҳ хости Худоро бо ҷону дил иҷро намоед.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эфсӯсиён* 6:6
20 Iomraidhean Croise  

Ва диле ба онҳо хоҳам бахшид, то Маро бишносанд, ки Ман Худованд ҳастам, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд, ва Ман Худои онҳо хоҳам буд, зеро ки онҳо бо тамоми дили худ сӯи Ман хоҳанд баргашт.


Ва бо вуҷуди ҳамаи ин, хоҳари хоини вай, Яҳудо, бо тамоми дили худ сӯи Ман руҷӯъ накард, балки фақат бо риёкорӣ», — мегӯяд Худованд.


Зеро, ҳар кӣ хости Падари Маро, ки дар осмон аст, ба ҷо оварад, ҳамон кас бародару хоҳару модари Ман аст».


На ҳар касе ки ба Ман: „Худовандо! Худовандо!“ мегӯяд, ба Малакути Осмон дохил хоҳад шуд, балки он касе ки иродаи Падари Маро, ки дар осмон аст, ба ҷо меоварад.


Зеро ҳар кӣ хости Худоро ба ҷо оварад, ҳамон кас бародару хоҳару модари Ман аст».


Аммо, Худоро шукр, ки агарчи пештар бандагони гуноҳ будед, ҳоло аз самими қалб ба ҳамон тарзи таълим мутеъ шудаед, ки худро ба он таслим кардаед.


Зеро ғуломе ки дар Худованд даъват шудааст, озоди Худованд аст; инчунин шаҳси озоде ки даъват шудааст, ғуломи Масеҳ аст.


Оё ман алҳол назди одамон хусни таваҷҷӯҳ меҷӯям, ё назди Худо? Оё саъю кӯшиш менамоям дили одамонро ёбам? Агар ман ҳанӯз дили одамонро меёфтам, бандаи Масеҳ намебудам.


Бинобар ин нодон набошед, балки дарк кунед, ки иродаи Худо чист.


Пас, эй маҳбубонам, модоме ки шумо ҳамеша фармонбардор будед, аз ин рӯ — на танҳо дар ҳузури ман, балки боз ҳам зиёдтар алҳол, дар вақти набудани ман, — бо тарсу ларз наҷоти худро ба амал оваред,


Бинобар ин мо низ аз он рӯзе ки инро шунидаем, дар ҳаққи шумо дуо ва илтимосро бас намекунем, то ки шумо аз дониши иродаи Ӯ дар ҳар ҳикмат ва фаҳми рӯҳонӣ пур шавед,


Эпафрос ба шумо салом мерасонад, ки ӯ аз байни шумо ва бандаи Исои Масеҳ аст, ва ҳамеша барои шумо дар дуоҳои худ ҷидду ҷаҳд менамояд, то ки шумо комил буда ва аз ҳар чизи писандидаи Худо вуқуф дошта, истодагӣ кунед.


Балки, чӣ тавре ки Худо моро лоиқ донист, ки башорат ба мо супурда шавад, ҳамон тавр мо сухан меронем ва толиби он нестем, ки ба одамон писанд оем, балки ба Худое ки дилҳои моро имтиҳон мекунад.


Зеро иродаи Худост, ки шумо пок бошед ва аз зино парҳез кунед;


Зеро шуморо сабр лозим аст, то ки иродаи Худоро иҷро намуда, ваъдаро ба даст оваред;


Бигзор шуморо дар ҳар кори нек барои иҷрои иродаи Ӯ комил гардонад ва он чи ба Ӯ писандида бошад, дар шумо ба василаи Исои Масеҳ ба амал оварад, ки Ӯро то абад ҷалол бод! Омин.


Зеро чунин аст иродаи Худо, то ки мо бо некӯкории худ даҳони ҷаҳолати мардуми беандешаро маҳкам кунем, —


То ки боқии умри ҷисмониро на аз рӯи ҳавасҳои одамӣ, балки мувофиқи иродаи Худо ба сар барад.


Ва ҷаҳон бо ҳавасҳояш гузарон аст, аммо касе ки иродаи Худоро ба ҷо меоварад, то абад боқист.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan