Ва хонаҳо бино накунед, ва тухм кишт нанамоед, ва ток нашинонед, ва соҳиби он чизҳо набошед, балки тамоми айёми худ хайманишин шавед, то бар рӯи замине ки шумо дар он мусофират менамоед, рӯзҳои бисьёр зиндагӣ кунед“.
Ҳамаи ин суханонро, ки ман ба ту амр мефармоям, шунида риоя намо, то ки барои ту ва баъд аз ту барои писаронат то абад некӯ бошад, вақте ки ту он чиро, ки дар назари Худованд Худои ту некӯ ва дуруст аст, ба амал оварӣ.
Ва фароизу аҳкоми Ӯро, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, риоя намо, то ки барои ту ва барои писаронат баъд аз ту некӯ бошад, ва ту дар замине ки Худованд Худоят ба ту ба сурати абадӣ медиҳад, умр гузаронӣ».
Падари худ ва модари худро иззат намо, чунон ки Худованд Худоят ба ту амр фармудааст, то ки умри ту дароз шавад, ва дар замине ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, барои ту некӯ бошад.
Ва он чи дар назари Худованд дуруст ва некӯст, ба амал овар, то ки барои ту некӯ бошад, ва ту омада, он замини некӯро, ки Худованд дар бораи он ба падаронат қасам хӯрдааст, тасарруф намоӣ,