7 Пас, шарики онҳо нашавед.
7 Бо ин гуна шахсҳо шиштухез накунед!
Зеро ки Ту қурбониро намехоҳӣ, вагар на меовардам; ба қурбонии сӯхтанӣ таваҷҷӯҳ намекунӣ.
Касе ки бо хирадмандон гардад, хирадманд мешавад; вале касе ки бо аблаҳон ҷӯра шавад, шикаст мехӯрад.
Соддадилиро тарк намоед ва зиндагӣ кунед, ва бо роҳи хирад қадамгузор шавед».
Ва шутурмурғ, ва бум, ва моҳихӯрак, ва қарчиғай бо зоти он,
Ва ӯ ба ҷамоат сухан ронда, гуфт: «Аз пеши хаймаҳои ин одамони шарир дур шавед, ва ба ягон чизе ки аз они онҳост, даст нарасонед, мабодо ба сабаби бисьёрии гуноҳҳои онҳо ба ҳалокат бирасед».
Зери юғи бегона бо якҷоягии беимонон сар хам накунед. Зеро ки адолат бо шарорат чӣ алоқае дорад? Ва нур бо зулмот чӣ умумияте дорад?
Ки халқҳо ҳамирси Исроил ва андоми ҳамон ҷисм ва шарикони ваъдаи онҳо дар Исои Масеҳ ба воситаи Инҷил ҳастанд.
Ва дар аъмоли бесамари зулмот иштирок накунед, балки онҳоро фош намоед.
Дастҳоро бар ҳеҷ кас шитобкорона нагузор ва ба гуноҳҳои дигарон шарик нашав; худро пок нигоҳ дор.
Ва овози дигаре аз осмон шунидам, ки мегӯяд: «Аз вай берун оед, эй қавми Ман, то ки дар гуноҳҳояш шарик нашавед ва ба балоҳояш дучор нагардед;