16 Ва фурсатро ғанимат донед, чунки ин рӯзҳо шарир аст.
16 Азбаски ин замон замони бадӣ аст, ҳар фурсатро ғанимат донед.
Гуфт: «Инак, рӯз ҳанӯз равшан аст; вақти ҷамъ кардани чорво нест; рамаҳоро об диҳед, ва рафта, чаронед».
Зеро ки ба гуноҳи худ иқрорам, аз хатои худ ғамгинам.
Насибае ба ҳафт нафар ва низ ба ҳашт нафар бидеҳ, зеро намедонӣ, ки бар замин чӣ мусибате рӯй хоҳад дод.
Ва Офаринандаи худро дар айёми ҷавонии худ дар хотир нигоҳ дор, пеш аз он ки айёми бадӣ биёяд, ва солҳое фаро расад, ки ту бигӯӣ: «Маро аз онҳо ҳаловате нест»;
Ҳар коре ки карданаш аз дасти ту ояд, алоқадри қуввати худ бикун, зеро дар гӯр, ки ба он ҷо меравӣ, на амал ҳаст, на тафаккур, на дониш ва на ҳикмат.
Подшоҳ ҷавоб гардонда, гуфт: «Ман яқин медонам, ки шумо фурсат меҷӯед, чун мебинед, ки аз ҷониби ман чунин қароре қабул шудааст,
Бинобар ин шахси бохирад дар ин замон хомӯш мемонад, зеро ки замони бад аст.
Ҳамчунин он ки ду талант гирифта буд, ду таланти дигар ба даст овард;
Исо ба онҳо гуфт: «Боз муддати кӯтоҳе нур бо шумост; то даме ки нур бо шумост, роҳ равед, то ки зулмот шуморо фаро нагирад, ва касе ки дар торикӣ роҳ меравад, намедонад, ки куҷо меравад;
Дар айни ҳол шумо вақтро медонед, ки аллакай соати аз хоб бедор шуданатон расидааст: зеро ки алҳол наҷоти мо назар ба он вақте ки имон овардем, наздиктар аст.
Пас, ба сабаби тангии вазъияти ҳозира, ман онро беҳтар медонам, ки барои одам хуб аст, агар ҳамон тавр, ки ҳаст, бимонад.
Ки Худро барои гуноҳҳои мо дод, то ки моро аз ин олами шарир, мувофиқи иродаи Худо, Падари мо, халос кунад,
Аз ин рӯ, то даме ки фурсат дорем, ба ҳама некӣ кунем, алалхусус ба аҳли имони худ.
Бинобар ин, зиреҳи куллии Худоро бигиред, то ки дар рӯзи бад муқобилат намуда ва ҳама корҳоро анҷом дода, истодагӣ карда тавонед.
Ва пойафзоли омодагиро барои додани башорати осоиштагӣ ба пои худ бипӯшед,
Фурсатро ғанимат дониста, бо онҳое ки дар берунанд, оқилона рафтор кунед.