10 Ва таҳқиқ кунед, то бидонед он чи, ки Худо меписандад, чист.
10 Барои фаҳмидани он чи ба Худованд писанд меояд, кӯшишу ғайрат кунед.
Риоя кардани адлу инсоф назди Худованд мақбултар аз қурбонист.
Оё чунин аст рӯзае ки гузидаи Ман бошад, — рӯзе ки одамизод ҷонашро азоб медиҳад? Оё ин барои он аст, ки кас сари худро мисли най хам созад, ва палосу хокистар зери худ андозад? Оё инро рӯза ва рӯзи писандидаи Худованд мехонӣ?
Лебӯное ки аз Шабо, ва наи атрогине ки аз кишвари дурдаст оварда мешавад, ба Ман чӣ лозим аст? Қурбониҳои сӯхтании шумо табъи дил нест, ва забҳҳои шумо ба Ман хуш намеояд.
Ва ҳар кӣ ба ин тариқа Масеҳро бандагӣ мекунад, вай писандидаи Худо ва мақбули мардум аст.
То шумо дарк намоед, ки чӣ беҳтар аст, барои он ки дар рӯзи Масеҳ пок ва беайб бошед,
Ман ҳамаашро гирифтам ва ба қадри барзиёд дорам; ва ман аз ҳар чиз пур гаштам, вақте ки ҳадияи фиристодаи шуморо, ҳамчун бӯи муаттар, ҳамчун қурбонии хуши писандидаи Худо, аз дасти Эпафрӯдитус гирифтам.
Ба тавре ки муносиби Худованд рафтор намуда, аз ҳар ҷиҳат ба Ӯ писанд оед, ва дар ҳар кори нек самара диҳед, ва дар дониши Худо нашъунамо ёбед,
Ҳама чизро озмоиш кунед, чизи ҳубро нигоҳ доред.
Зеро ин дар назари Худо, ки Наҷотдиҳандаи мост, хуб ва писандида аст,
Вале агар бевазане соҳиби фарзандон ва ё набераҳо бошад, бигзор онҳо аввал вазифаи динии худро нисбат ба оила таълим гиранд ва падарону модаронро қадрдонӣ кунанд, зеро ки ин писандидаи Худост.
Пас мо малакутеро, ки ба ларза намеафтад, қабул намуда, файзро маҳфуз хоҳем дошт ва бо он Худоро ба таври писандида бо таъзиму такрим ва тарс ибодат хоҳем кард,
Зеро чӣ фахре ҳаст агар шумо барои кирдори бад шаллоқ хӯрда тоқат кунед? Аммо агар барои некӯкорӣ уқубат кашида тоқат кунед, ин мақбули Худост.
Худатон низ, ҳамчун сангҳои зинда, аз худ ҳонаи рӯҳонӣ, каҳонати муқаддас барпо намоед, то ки қурбониҳои рӯҳонии мақбули Худоро ба василаи Исои Масеҳ тақдим кунед.
Ва Довуд шамшери варо аз болои либоси худ баст, ва хост каме роҳ равад, зеро ки одат накарда буд. Ва Довуд ба Шоул гуфт: «Бо ин чизҳо наметавонам роҳ равам, зеро ки одат накардаам». Ва Довуд онҳоро аз тани худ кашид.