Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эфсӯсиён* 4:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Як Худованд ҳаст, як имон, як таъмид,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

5 як Худованд, як имон ва як маросими таъмид бо об аст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эфсӯсиён* 4:5
28 Iomraidhean Croise  

Ва Худованд бар тамоми замин Подшоҳ хоҳад буд; дар он рӯз Худованд Ягона хоҳад буд, ва исми Ӯ — Ягона.


Пас, биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед,


Ӯ каломи Худро ба банӣ‐Исроил фиристода, ба василаи Исои Масеҳ, ки Худованди ҳама аст, башорати сулҳу осоиштагӣ дод.


Пас, эй тамоми хонадони Исроил, яқинан бидонед, ки Худо Ҳамин Исоро, ки шумо маслуб кардед, Худованд ва Масеҳ гардондааст».


Чунки Худо ягона аст, ва Ӯ махтунонро аз рӯи имон ва номахтунонро ба воситаи имон сафед мекунад.


Оё Масеҳ аз ҳам ҷудо шудааст? Оё Павлус барои шумо маслуб гардидааст? Ё ки шумо ба исми Павлус таъмид ёфтаед?


Ба калисои Худо, ки дар Қӯринтӯс воқеъ аст, ба муқаддасони даъватшуда, ки дар Исои Масеҳ тақдис гардидаанд, бо ҳамаи онҳое ки дар ҳар ҷо исми Худованди мо Исои Масеҳро мехонанд, ки Ӯ Худованди онҳо ва Худованди мост, —


Зеро ки ҳамаи мо — хоҳ яҳудиён, хоҳ юнониён, хоҳ ғуломон, хоҳ озодон — бар тибқи як Рӯҳ дар як бадан таъмид ёфтаем, ва ҳама аз як Рӯҳ нӯшонида шудаем.


Ва хизматҳо гуногун аст, аммо Худованд ҳамон як аст;


Лекин мо як Худо дорем, яъне Худои Падар, ки ҳама чиз аз Ӯст, ва мо барои Ӯ ҳастем, ва як Худованд дорем, яъне Исои Масеҳ, ки ҳама чиз ба воситаи Ӯст, ва мо ба воситаи Ӯ ҳастем.


Зеро, агар касе омада, Исои дигареро мавъиза намояд, ғайр аз Он, ки мо Ӯро мавъиза кардем, ё шумо рӯҳи дигаре гиред, ғайр аз он ки гирифтед, ё башорати дигаре, ғайр аз он чи қабул кардед, — шумо онро ба хубӣ таҳаммул менамоед.


Зеро ки дар Исои Масеҳ на хатна аҳамият дорад ва на номахтунӣ, балки имоне ки бо муҳаббат амал мекунад.


То даме ки ҳамаамон ба ягонагии имон ва шиносоии Писари Худо, ба дараҷаи шахси комил, ба андозаи бузургии пурраи Масеҳ бирасем,


Ва ҳар забон зътироф намояд, ки Исои Масеҳ Худованд аст барои ҷалоли Худои Падар.


Ва ҳанӯз ҳамаашро ба ҳотири афзалияти дониши Худованди ман Исои Масеҳ нуқсон медонам, ки барои Ӯ ман аз ҳамааш даст кашидам ва ҳамаашро ахлот медонам, то ки Масеҳро пайдо кунам


Павлус, бандаи Худо ва ҳаввории Исои Масеҳ, ба ҳасби имони баргузидагони Худо ва дониши ростие ки дар диндорист,


Ба Титус, фарзанди ҳақиқиам, ки ҳар дуи мо дар як имон муштаракем, файз, марҳамат ва осоиштагӣ аз ҷониби Худои Падар ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳи Худованд бод.


Сардорони худро, ки каломи Худоро ба шумо мавъиза кардаанд, ба ёд оваред: ба анҷоми рафтори онҳо назар карда, ба имонашон тақлид намоед.


Ва ҷудо шуда афтодаанд, — онҳоро аз нав ба роҳи тавба андохтан имконнопазир аст, зеро онҳо Писари Худоро ба зарари худашон боз маслуб мекунанд ва беобрӯ месозанд.


Балки касе хоҳад гуфт: «Ту имон дорӣ, вале ман аъмол дорам, — имони худро бе аъмол ба ман нишон бидеҳ, вале ман ба ту имони ҳудро аз аъмоли худ нишон медиҳам».


Ва тимсоли он таъмид аст, ки на шустани нопокии ҷисм, балки ба зимма гирифтани виҷдони пок аст ба ҳузури Худо, ки ҳоло моро низ ба воситаи эҳьёи Исои Масеҳ наҷот медиҳад,


Шимъӯни Петрус, ки банда ва ҳаввории Исои Масеҳ аст, ба онҳое ки имони гаронбаҳоро мисли имони мо дар адолати Худои мо ва Исои Масеҳи Наҷотдиҳанда қабул карданд:


Валекин шумо, эй маҳбубон, худро бо имони бағоят муқаддасатон обод кунед, ва дар Рӯҳулқудс дуо гуфта,


Эй маҳбубон! Азбаски ҷидду ҷаҳди комил дорам ба шумо дар бораи наҷоти муштараки мо бинависам, зарур донистам ба шумо насиҳате нависам, то шумо дар роҳи имоне ки як бор ба муқаддасон супурда шуд, ҷадал намоед.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan