Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эфсӯсиён* 4:25 - Китоби Муқаддас 1992 1999

25 Бинобар ин, кизбро аз худ дур карда, ҳар яке ба ёри худ рост гӯед, чунки мо андоми яқдигарем.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

25 Пас дурӯғгӯйиро бас кунед! Азбаски мо дар бадани Масеҳ аъзои якдигарем, биёед ба якдигар рост мегӯем.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эфсӯсиён* 4:25
42 Iomraidhean Croise  

Ва ӯ ба вай гуфт: «Ман низ набие мисли ту ҳастам, ва фариштае бар тибқи каломи Худованд ба ман сухан ронда, гуфт: „Варо бо худ ба хонаат баргардон, то ки вай нон бихӯрад ва об бинӯшад“». Аммо ӯ ба вай дурӯғ гуфт.


Ба Худованд гуфтам: Ту Худованди ман ҳастӣ; некӯӣ барои ман ҷуз аз Ту нест.


Худо аз осмон ба банӣ‐одам назар андохт, то бубинад, ки оё касе соҳибфаҳм ва толиби Худо ҳаст?


Аз гапи дурӯғ канорагирӣ намо; ва бегуноху одилро накуш, зеро ки Ман шарирро сафед нахоҳам кард.


Каси ростгӯй адолатро баён мекунад, вале шоҳиди козиб — фиребро.


Даҳони ростгӯй то абад қоим аст, вале забони дурӯғгӯй — то як чашм задан.


Даҳони дурӯғгӯй назди Худованд зишт аст, вале росткорон ба Ӯ мақбуланд.


Пайдо кардани ганҷҳо бо забони дурӯғгӯй — саъи беҳудаи толибони мамот аст.


Ба зидди ёри худ шоҳиди ноҳақ набош; чаро бо лабҳои худ мехоҳӣ фиреб диҳӣ?


Чашмони ҳавобаландона, забони дурӯғгӯй ва дастҳое ки хуни бегуноҳро мерезад,


Зеро ки забони ман сухани ростро баён мекунад, ва шарорат барои лабҳои ман зишт аст;


Ва Ӯ гуфтааст: «Ба яқин, онҳо қавми Ман ҳастанд, писароне ки хиёнат намекунанд». Ва Ӯ Наҷотдиҳандаи онҳо буд.


Муршид ва шариф сар аст; вале набие ки муаллими дурӯғҳост, дум мебошад.


Қасам хӯрдан ва қасамро шикастан, ва қатл ва дуздӣ ва зино кардан бағоят паҳн шудааст, ва ҷараёни хун бо ҷараёни хун мепайвандад.


Дуздӣ накунед, ва мункир нашавед, ва ба якдигар дурӯғ нагӯед.


Ин аст корҳое ки шумо бояд ба ҷо оваред: ба якдигар рост гӯед; дар маҳкамаи худ бар тибқи ҳақиқат ва сулҳу осоиштагӣ доварӣ намоед;


«Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: рӯзаи моҳи чорум ва рӯзаи моҳи панҷум, ва рӯзаи моҳи ҳафтум ва рӯзаи моҳи даҳум барои хонадони Яҳудо ба шодӣ ва хурсандӣ ва идҳои нек мубаддал хоҳад шуд; валекин ростӣ ва осоиштагиро дӯст доред.


Падари шумо иблис аст, ва шумо мехоҳед орзуҳои падари худро ба амал оваред; вай аз ибтидо қотил буд ва дар ростӣ собит намонд, зеро ки дар вай ростӣ нест; вақте ки вай сухани дурӯғ мегӯяд, аз они худро мегӯяд, зеро ки вай дурӯғгӯй ва падари дурӯғ аст.


Ҳамчунин мо, ки бисьёрем, як баданро дар Масеҳ ташкил мекунем, аммо ҳар яке ба танҳоӣ андоми якдигарем;


Чунон ки нон яктост, мо низ, ки бисьёрем, як тан ҳастем, зеро ки ҳамаамон аз як нон ҳиссае мегирем.


Зеро, агар ман дар бораи шумо пеши ӯ аз чизе фахр карда бошам, хиҷил нашудам, балки, чунон ки мо ҳар гапро дар хусуси шумо ба ростӣ гуфта будем, фахри мо низ ончунон пеши Титус рост баромад.


Балки дар муҳаббат ростиро баён намуда, мо дар ҳар чиз ба Он ки Сар аст, яъне ба Масеҳ нумӯ ёбем.


Пас рафтори пештараи одами кӯҳнаро, ки дар шаҳавоти дилфиреб фосид мешавад, аз худ дур кунед,


Ҳар гуна кудурат ва қаҳр, ва ғазаб ва фарьёд, ва бадгӯӣ бигзор аз шумо бо ҳар навъ шарорат дур шавад;


Чунки мо андоми Бадани Ӯ ҳастем, аз гӯшти Ӯ ва аз устухонҳои Ӯ.


Аммо акнун шумо ҳамаи инҳоро: хашм, ғазаб, кина, бадгӯӣ ва алфози қабеҳи забонатонро тарк намоед;


Ба якдигар дурӯғ нагӯед, дар ҳолате ки одами кӯҳнаро бо аъмоли вай аз худ дур кардаед


Барои зинокорон, ливотагарон, одамдуздон, дурӯғгӯён, савгандшиканон ва барои ҳар амале ки бар хилофи таълимоти солим аст,


Ба воситаи риёкории дурӯғгӯёне ки виҷдонашон гӯё бо доғе беҳис шудааст,


Шоире аз байни худашон чун набие чунин гуфтааст: «Критиён ҳамеша дурӯғгӯ ҳастанд, ва даррандагони бадкин, ва шикампарастони танбал».


Ба умеди ҳаёти ҷовидонӣ, ки Худо, ки наметавонад дурӯғ бигӯяд, онро аз азал ваъда кардааст,


Бинобар ин мо низ, ки дар гирди худ чунин абри шоҳидонро дорем, ҳар бори гарон ва гуноҳро, ки моро фаро мегирад, аз худ дур андохта, майдони дар пеши мо бударо бо сабр давон‐давон тай кунем


Бинобар ин ҳар нопокӣ ва бақияи бадиро як сӯ гузошта, каломеро, ки дар шумо кошта шудааст, бо фурӯтанӣ қабул кунед, ки он метавонад ҷонҳои шуморо наҷот диҳад.


Пас, ҳар кина ва ҳар макр ва риё ва ҳасад ва ҳар бадгӯиро аз худ дур карда,


Валекин тарсончакон, ва беимонон, ва палидон, ва қотилон, ва зинокорон, ва ҷодугарон, ва бутпарастон, ва ҳамаи дурӯғгӯёнро — насибашон дар кӯлест, ки бо оташ ва кибрит месӯзад; ин мамоти дуюм аст».


Вале сагон, ва ҷодугарон, ва зинокорон, ва қотилон, ва бутпарастон, ва ҳар касе ки дурӯғро дӯст медорад ва ба амал меоварад, — берун аз он хоҳанд буд.


Ӯ ба вай гуфт: «Агар маро бо танобҳои нав, ки ҳеҷ истеъмол нашуда бошад, бибанданд, ман суст шуда, мисли ҳар каси дигар хоҳам гардид».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan